Дар Қазоқистон дар доираи парвандаҳои марбут ба ҳодисаҳои моҳи январ 243 касро маҳкум кардаанд. Дар ин бора Додситонии кулли он кишвар рӯзи 25 апрел хабар дод.
Дар Додситонии кулли он кишвар гуфтанд, дар маҷмуъ 265 парванда ба додгоҳ ирсол шудааст. Аммо дар мақомоти додситонӣ нагуфтанд, ки чи теъдод аз кормандони мақомот зиндонӣ шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи 19 апрел расонаҳои Қазоқистон аз содир шудани ҳукми додгоҳ нисбати 214 кас хабар дода буданд.
Ба иттилои додситонӣ, айни замон 585 гумонбари бетартибиҳои моҳи январ дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.
Дар маҷмуъ, ба иттилои Додситонии кулли Қазоқистон, то рӯзи 25 апрел дар робита ба ҳодисаҳои моҳи январ 5 041 парвандаи ҷиноӣ дар тафтишот буда, аз ҷумла 49 парванда марбут ба бетартибиҳои оммавӣ ва 45 парванда марбут ба терроризм ҳастанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.