Душанбе. 5-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Украина бо маросими истиқболи расмӣ аз ҷониби Президенти ин кишвар Виктор Ющенко оғоз ёфт.
Масоили таҳкиму густариши минбаъдаи хамкориҳои Тоҷикистону
Украина нахуст дар мулоқоти як ба яки сарони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Виктор Ющенко
баррасӣ шуд.
Зимни сӯҳбати хосса сарони ду давлат оид ба татбиқи амалии нақшаи ҳамкории Тоҷикистону Украина дар солҳои 2008-2009, ки зимни сафари расмии Виктор Ющенко ба Тоҷикистон баҳори соли равон ба имзо расида буд ва дигар санадҳои ҳуқуқию қарордодии амалкунанда гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.
Сарони ду давлат бори дигар ҳавасмандии худро баҳри ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, мошинсозӣ нақлиёт, кишоварзӣ, маориф, илму техника, фарҳанг ва таҳкими робитаҳои ҳарбӣ техникӣ таъкид намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон аз Виктор Ющенко даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари давлатӣ ташриф биёрад.
Баъди анҷоми мулоқоти як ба як Президенти Украина Виктор Ющенко ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо мукофоти олии давлатӣ – ордени княз Ярослави Ҳаким дараҷаи 1 сарфароз гардонд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин Президенти Украина Виктор Ющенко бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1 сарфароз гардонда шуд.
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Виктор Ющенко сипас зимни гуфтушинидҳои васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду давлат идома ёфт.
Зимни сӯҳбатҳо ҷоннок намудани фаъолияти комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳо зарур шумурда шуд. Таъкид гардид баҳри тавсиаи муносибатҳои ҳасанаи байни ду давлат ва мардумони онҳо рузҳои фарҳангӣ дигар дар кишварҳои ҳамдигар гузаронда шаванд.
Қарор карда шуд, ки сафорати Тоҷикистон дар Украина
ва аз Украина дар Тоҷикистон кушода шавад.
Аз рӯйи натиҷаи мулоқоту гуфтушунидҳо 7 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:
Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Украина;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Украина оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Украина оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Украина оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва ҳунар;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Украина оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи комплекси агросаноатӣ;
Нақшаи чорабиниҳои Барномаи байнидавлатии ҳамкории дарозмуддати иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина барои солҳои 2003-2012;
Шартнома миёни Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Миллии Киев ба номи Тарас Шевченко оид ба ҳамкориҳои илмӣ, таълимӣ ва фарҳангӣ.
Баъди анҷоми имзои санадҳои ҳамкорӣ сарони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Виктор Ющенко барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, аз пайвастагиии робитаҳои сатҳи олии сиёсӣ ва натиҷаҳои гуфтушунидҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карданд.
Худи ҳамин рӯз Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Муовини аввали Раиси Парлумони Украина Александр Лавринович, Президенти собиқи Украина Леонид Кучма бо ҳайати профессорию омӯзгорӣ ва донишҷӯёни Донишгоҳи Миллии Киев ба номи Тарас Шевченко ва бо тоҷикону ҳамватанони муқими Украина низ мулоқотҳои судманд анҷом дод.
Зимни сафари давлатӣ ба Украина Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз корхонаи азими Турбоатом ва дигар корхонаю муассисаҳои бонуфузи ин кишвар, ки бо Тоҷикистон ҳамкории пурсамар доранд, дидан мекунад. Дар ин бора сомонаи расмии сарвари давлати Тоҷикистон хабар медиҳад.