11 сокини ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд аз сӯйи Қирғизистон боздошт шудаанд. Кишвари ҳамсоя ин 11 шаҳрванди Тоҷикистонро дар “убури ғайриқонунии марз” муттаҳам медонад. Аммо бо гузашти беш аз ду ҳафта аз боздошти онҳо масъулини ҳукумати ин ноҳия ва мақомоти Тоҷикистон ҳодисаро шарҳ надодаанд.
Субҳи душанбеи 16-уми май аз ҳукумати ноҳияи Ҷаббор Расулов боздошти 11 нафар сокинони деҳаи Қурғончаи ҷамоати Ҳаёти Нави ин ноҳияро дар марзи Қирғизистон ба "Азия-Плюс" тасдиқ карданд. Аммо дар ҳукумати ноҳия гуфтанд, ки ҷузъиёти ин боздоштро намедонанд ва аз сарнавишти ин сокинон иттилое надоранд.
Як манбаъ дар ҳукумати ин ноҳия бидуни зикри ном ба "Азия-Плюс" гуфт, ин қазияро аз мақомоти амният ҷӯё шавед, зеро мо аз ҷузъиёти рафтану боздошти онҳо хабар надорем.
“Аз ҷузъиёти боздошти 11 нафар хабар надорам, ки онҳо чӣ гуна он ҷо рафтанду боздошт шуданд. Ба ин кор мақомоти амният сару кор дорад. Лекин дирӯз мо бо қирғизҳо дар масъалаи делемитатсияву демаркатсия, яъне заминҳои баҳсӣ гуфтугӯй кардем. Онҳо дар заминҳои баҳсӣ сохтмонро оғоз кардаанд, аммо аз ҷониби мо ноҳияи Ҷаббор Расулов манъ карда шуд”,-гуфт ин манбаъ аз ҳукумати ноҳияи Ҷаббор Расулов.
Рӯзи ҷумъаи 13-уми май радиои "Озодӣ" ба истинод ба маълумоти як сокини деҳаи Қурғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов дар бораи ин 11 гуфт “ду ҳафта гузашт, вале аз сарнавишти онҳо дараке нест”.
Манбаи "Озодӣ" бидуни зикри ном гуфтааст, “онҳо ҳар субҳ мерафтанду дар кони ангишт кор мекарданд ва шаб боз ба хонаҳояшон бармегаштанд, вале аз рӯзи 29-уми апрел ба ин тараф нопадид шудаанд.”
Мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол расман дар мавриди боздошти сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов дар марзи Қирғизистон чизе нагуфтааст.
Аммо охири ҳафтаи гузашта расонаҳои Қирғизистон бо такя ба иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар хабар доданд, ки 11 нафар сокинони деҳаи Қурғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, рӯзи 29-уми апрел бо ҷурми “убури ғайриқонунии марз” боздошт шудаанд.
Ба навиштаи харбаргузории қирғизии vesti.kg “ин шаҳрвандони Тоҷикистон дар яке аз анборҳои ангишти Сулуктаи Қирғизистон ғайриқонунӣ будубош ва кор мекарданд”.
Мақомоти амниятии Қирғизистон рӯзи 30-уми апрел алайҳи ин сокинони боздоштшудаи ноҳияи Ҷаббор Расулов аз руйи моддаи 378 Кодекси ҷиноии Қирғизистон “убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ” парванда боз кардааст. Гуфта мешавад боздоштшудаҳо ба бинои СИЗО-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон интиқол дода шудаанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.