Душанбе. 11-уми декабр – Имрӯз, 11 декабри соли 2008 ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи Ректори Донишгоҳи милли Киев ба номи Тарас Шевченко Леонид Губерский нома расид. Дар он иттилоъ дода мешавад, ки бо қарори Шӯрои илмӣ аз 8 декабри соли 2008 ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон унвони Доктори фахрии Донишгоҳи миллии Киев ба номи Тарас Шевченко дода шуд. Дар нома ҳамчунин омада аст:
«Бо ин Донишгоҳи миллии Киев ба номи Тарас Шевченко хидматҳои шоёни Шуморо дар таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни халқҳои бародар дар соҳаҳои илму фарҳанг, шинохти нақшу мақоми маориф дар ҷомеа ва рушди муносибатҳои байнидонишгоҳӣ таъкид менамояд». Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд.