spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ҳабси абад барои куштори ду фаррош дар Деваштич

Саҳобиддин Мунавварзода, нафаре, ки бо гумони куштори ду зани фарроши Идораи замини ноҳияи Деваштич дастгир шуда буд, ба ҳабси абад маҳкум гардид. Дар ин бора Қосим Зокиров, падари яке аз занҳои кушташуда ва як манбаи дигар аз суди вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Тибқи иттилои дастрасгардида, ҳукм ду рӯз қабл, 30-юми январ, аз ҷониби Суди вилояти Суғд содир гардидааст.

Бояд гуфт, ки Умеда Зокироваи 45-сола ва Вориса Фозиловаи 56-сола, ду зани фарроши Идораи замини ноҳияи Деваштич, 17-уми июли соли 2022, дар рӯзи истироҳатӣ, дар макони кори худ, бо зарби корд кушта шуданд. Саҳобиддин Мунавварзода, мутахассиси пешбари идораи замини ноҳия ҳамчун гумонбари асосӣ дар куштор боздошт гардида буд.

Қосим Зокиров, падари Умеда Зокирова, дирӯз, 31-уми январ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки мурофиа дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Истаравшан, аз ҷониби судяҳои Суди вилояти Суғд баррасӣ шуд ва дар ниҳоят, Саҳобиддин Мунавварзода  бо моддаи 104 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии ҶТ айбдор ва ба ҳабси абад маҳкум гардид.

Қосим Зокиров пас аз элони ҳукм гуфт, ки аз ҳукм розӣ аст.

Назари пайвандон ва вакили дифои Саҳобиддин Мунавварзода оид ба ҳукм то ҳол дастрас нест ва ҳамчунин, дақиқ нест, ки оё аз болои ҳукм шикоят мекунанд ё не.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Вориса Фозиловаи 56-сола ва Умеда Зокироваи 45-сола

Ёдовар мешавем, ки Умеда Зокирова ва Вориса Фозилова, ду зани фаррош дар Идораи замини ноҳияи Деваштич, ки ҳамчунин бо ҳам риштаи пайвандӣ доштанд, 17-уми июли соли 2022 кушта шуданд. Онҳо рӯзи содир шудани ҷиноят, ки истироҳатӣ буд, барои тоза кардани идора рафта буданд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Мақомот сабаби куштори пурсарусадои ду фаррош дар Деваштичро шарҳ дод

Пас аз ду ҳафтаи содир шудани ҷиноят Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд “фазои носолими кориро дар ин идора сабаби асосии фоҷеа” арзёбӣ карда буд.

“Гумонбар аз сабаби доштани хусумати шахсӣ ва қасд нисбати раис, муовин ва дигар хизматчиёни кумитаи мазкур, ки гӯё барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба ӯ монеагӣ мекарданд, бо мақсади тарс додан ва ба таҳлука андохтани онҳо бо ташкили далелҳои сунъии бадномкунанда даст зада, дар рӯзи ҳодиса бо истифода аз сӯзишвории дизелӣ ду утоқи кории идораи заминро оташ мезанад ва занони фаррош аз сӯхтор бохабар шуда, мехоҳанд, онро хомӯш кунанд. Вале гумонбар Мунавварзода бо мақсади рӯйпуш кардани ҷинояти худ бо корди ошхонагӣ онҳоро ба қатл мерасонад”, – гуфта мешуд дар изҳороти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд.

Дар аввал гуфта мешуд, ки дар робита ба ин ҳодиса ду нафар корманди ин идора боздошт шудаанд, вале посбони ин идораро, ки ҷасадҳоро пайдо карда буд, баъди бозпурсӣ раҳо карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...