Душанбе. 17-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти
Ҷумҳурии
Тоҷикистон
Эмомалӣ
Раҳмон
ба
унвони
Президенти
Ҷумҳурии Қазоқистон
Нурсултон
Назарбоев
барқияи
шодбош
фиристод. Дар
он,
аз
ҷумла,
гуфта
мешавад:
«Нурсултон
Абишевичи
мӯҳтарам,
Шумо
ва
дар
симои
Шумо
тамоми
мардуми
қазоқро
ба
муносибати солгарди
навбатии
таҷлили
Иди
миллии Ҷумҳурии
Қазоқистон
самимона
муборакбод
менамоям.
Бо
камоли
қаноатмандӣ
зикр
мекунам, ки
ҳамкории
мамлакатҳоямон
дар
заминаи
принсипҳои
боварии
мутақобала
ва
анъанаҳои
дӯстӣ,
ҳуқуқи
баробар ва эҳтироми
ҳамдигар
ба
роҳ
андохта шуда,
муттасил
густариш
меёбад. Дар ин
лаҳзаҳои
фараҳбахш,
ба
Шумо,
Нурсултон
Абишевичи
мӯҳтарам,
саломатии
комил,
барори кор ва
ба
халқи
бародари
Қазоқистон
сулҳу
осоиш ва
рӯзгори
фараҳмандона
орзу менамоям». Дар ин
бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.