Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар ҷамъомади таълимиву тамринии Туркия аввалин пирӯзии худро ба даст овард.
Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, 6-уми феврал ҷавонони тоҷик таҳти роҳбарии мутахассиси беларусӣ Олег Кубарев бо тими ҷавонони Озарбойҷон бозии санҷишӣ анҷом дода, вохӯрӣ бо пирӯзии тими Тоҷикистон – 2:1 анҷом ёфт.
Гуфта мешавад, вохӯрӣ дар маҷмааи варзишии «Корнелия»-и Белек баргузор шуда, аз ҳайати дастаи Тоҷикистоно легионерҳо Салам Ашӯрмамадов ва Алиҷони Айнӣ гол заданд.
“Пеш аз оғози бозии дӯстона дастаҳо ба хотираи қурбониёни заминларзаҳо дар Туркия ва Сурия дақиқаи хомӯширо риоя карданд”, – омадааст дар хабари Федератсия.
Зикр мегардад, ки барои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) вохӯрӣ бо дастаи Озарбойҷон чаҳорумин рақобат дар ҷамъомади тамринии Анталия ба ҳисоб меравад. Қаблан футболбозони ҷавони тоҷик бо ҳамсолони худ аз Ироқ (0:0), бошгоҳи ЛКС-и Лаҳистон (1:1) ва бошгоҳи «Бухоро» (1:3) низ вохӯрда буданд.