spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Теъдоди қурбониёни заминларза дар Туркия ва Сурия ба 50,2 ҳазор нафар расид

Бар асари як силсила заминларзаҳо дар Туркия 44 ҳазору 374 нафар ҳалок шуданд, хабар медиҳад шабакаи телевизионии TRT Haber бо истинод ба Раёсати мубориза бо офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулода (AFAD).

“То ин дам қариб 10 ҳазор таконҳои пас аз заминларза (афтершокҳо) рух доданд. Корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот дар Туркия қариб дар 21 ҳазор бино ба охир расида, айни замон 8 ҳазору 182 корманди хадамоти ҷустуҷӯ ва наҷот ба кор дар самти расонидани кумакҳои башардӯстона ҷалб шудаанд”, – иброз доштаааст роҳбари AFAD Юнус Сезер.

Ба гуфтаи вай, дар минтақа 287 шаҳракҳои хаймаҳо ташкил шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Оқибатҳои заминларза дар Туркия

Теъдоди умумии қурбониёни заминҷунбӣ дар Сурия бо шумули ҳалокшудагон дар минтақаҳои ошӯбгарон ва ноҳияҳои таҳти назорати ҳукумат ба 5 ҳазору 914 нафар расид, менависад France24.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Оғози тафтишот дар Туркия нисбати 600 нафар пас аз заминларза

Ҳукумати Туркия хабар дод, ки дар робита ба фурӯ рафтани бинову иншоот бар асари заминларза нисбати 612 нафар тафтишот роҳандозӣ шуда, 182 нафар бо шумули паймонкорони сохтмон, моликон ва мудирони бинову иншоот гумонбар дониста мешаванд ва то қарори суд ба ҳабс гирифта шудаанд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки бисёре аз бинову иншоотҳое, ки пас аз заминларза фурӯ рехтаанд, эҳтимолан бо истифода аз масолеҳи сохтмонии пастсифат ва ба меъёрҳои давлатӣ ҷавобгӯнабуда сохта шудаанд.

Заминларзаи мудҳиш дар Туркия ва Сурия рӯзи 6 феврал рух дод. Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон онро харобиовартарин дар таърихи кишвар номид.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...