Душанбе. 23-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз зимни баргузории ҷаласаи иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ якдилона мӯҳлати амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии молу мулк»-ро боз то шаш моҳи дигар дароз карданд.
Дар суханронии худ раиси палатаи поёнии парлумон Сайдулло Хайруллоев изҳор дошт, ки пешниҳоди мазкур ба парлумон аз ҷониби президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон равона гардидааст.
Ёдрас мекунем, ки мӯҳлати амали қонуни мазкур бояд 31-уми декабри соли ҷорӣ ба анҷом мерасид. Акнун он то 1-уми июли соли 2009 дароз карда шуд. «Дароз кардани мӯҳлати амали қонуни мазкур ба шаҳрвандон ҷиҳати қонунигардонии молу мулкашон имконоту шароити хуб фароҳам хоҳад сохт», – гуфт С.Хайруллоев.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии молу мулк” 16-уми майи соли 2006 қабул гардлида буд. Санади мазкур бо мақсади инкишофи муносибатҳои нави иқтисодӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моликият, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ қабул карда шуда, аз иқдоми истисноии якдафъинаи давлат оид ба авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ бинобар қонунигардонии молу мулк, озод намудани онҳо аз ҷавобгарӣ барои содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои алоҳидаи пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.