Суннатуло Бобохонов, ронандаи троллейбус, ки бо мусофирзани имконияташ маҳдуд (нобино) дағалона рафтор карда буд, аз кор озод гардида, роҳбари ӯ танбеҳ гирифтааст. Дар ин бора муассисаи “Душанбенақлиётхадамотрасон” хабар медиҳад.
Ба навиштаи ин ниҳод, баъди матлаби шикоятии Шаъмигул Муҳсинова, як сокини шаҳри Душанбе, доир ба дағалона рафтор намудани ронандаи хатсайри троллейбуси №4 нисбат ба мусофирзани имконияташ маҳдуд (нобино), ки дар шабакаи иҷтимоии Facebook нашр гардид, бо супориши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷаласа доир гардида, дар он рафтори ронанда муҳокима шудааст.
Баъди муҳокима, ба навиштаи “Душанбенақлиётхадамотрасон”, “ронандаи хатсайри троллейбуси №4, рақами қайди давлатиаш 2002, Суннатуло Бобохонов аз кор озод карда шуд”.
Ҳамчунин, бинобар сабаби хунукназарӣ дар иҷрои вазифа, ба сардори муассисаи №2-и ККВД “Троллейбус” Мероҷ Ҷалилзода ҷазои интизоми дар намуди “танбеҳ” дода шудааст.
Фирдавс Раҳмонов бошад, аз вазифаи сардори шуъбаи истифодабарии муассисаи №2-и ККВД “Троллейбус” озод ва ба вазифаи пасттар – муҳандиси шуъбаи истифодабарии муассисаи №2-и ККВД “Троллейбус” гузаронида шудаст.
Ёдовар мешавем, ки 15-уми март Шаъмигул Муҳсинова, як сокини шаҳри Душанбе дар шабакаи иҷтимоии Facebook оид ба рафтори дағали ронандаи троллейбусии №4 бо мусофирзани имконияташ маҳдуд (нобино) маводи шикоятӣ нашр карда, зарурати бозомӯзии ронандагони нақлиёти ҷамъиятиро зикр карда буд.