spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

“Ба иғво дода нашавед”. Мулоқоти гурӯҳҳои кории вилоятҳои Суғд ва Ботканд

Дирӯз, 22-юми март, дар гузаргоҳи сарҳадии “Қизил-Бел”-и Қирғизистон мулоқоти гурӯҳҳои кории вилоятҳои Суғд ва Ботканд бо иштироки роҳбарони вилоятҳо  – Раҷаббой Аҳмадзода ва Абдукарим Алимбоев баргузор гардид.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, ки дар мулоқот роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сарҳадот, раисони шаҳру ноҳияҳои Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Ботканд ва Лейлек низ ширкат варзиданд.

Манбаъ менависад, ки зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаи таъмини зиндагии орому осудаи мардуми наздимарзӣ, мустаҳкам намудани дӯстӣ ва ҳифзи субот дар марзро муҳокима намуда, ба раисони шаҳру ноҳияҳои ҳаммарз супориш додаанд, ки дар байни мардум бештар корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ намоянд.

“Мардуми наздимарзӣ ба ҳар гуна хабарҳои носанҷида ва иғвоангез бояд дода нашаванд ва одоби неки ҳамсоядориро риоя намоянд”, – таъкид гардидааст дар мулоқот.

Ҳамчунин, дар ҷараёни мулоқот итттилоъ дода шудааст, ки “бо супориши сарони ду кишвар фаъолияти гурӯҳҳои корӣ оид ба делемитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, барои муайян намудани хатти сарҳад натиҷаҳои хуб ба даст омада истодааст”.

Гуфта мешавад, дар мулоқоти гурӯҳҳои кории вилоятҳои Суғду Ботканд масъалаи истифодаи обу замин низ баррасӣ шудааст, аммо дақиқ нест, ки мушаххасан дар ин замина чӣ гуфтугӯ сурат гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки баъди даргириҳои навбатӣ Қирғизистон аз 21 майи соли 2021 якҷониба сарҳади худро бо Тоҷикистон баст

Охирин муноқишаи бузург миёнаҳои моҳи сентябри соли гузашта дар марзи миёни ҷонибҳо рух дод, ки дар он беш аз 100 нафар аз ҳар ду ҷониб кушта шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...