Додгоҳи ноҳияи Качугск ҷиҳати ба оилаи парастор аз Иркутск баргардонидани як духтари 5-сола, ки соли гузашта ба модари биологиаш дар Тоҷикистон дода шуда буд, қарор содир кард, хабар медиҳад Irk.ru бо истинод ба адвокати оила аз Иркутск.
“Додгоҳ даъворо қонеъ карда, дастури мақомоти парасториро беэътибор донистааст. Илова бар ин, қарор шуд, ки кӯдак ба оилаи парастор баргардонида шавад. Қарори додгоҳ то ҳол эътибори қонунӣ пайдо накардааст. Тарафи дигар метавонад дар давоми як моҳ аз болои он шикоят кунад”, – иброз доштааст ба нашрия адвокати оилаи парастор Алексей Гордилежа.
Нашрия хабар медиҳад, ки айни замон макони будубоши духтарча маълум набуда, ӯ дар ҷустуҷӯи федералӣ қарор дорад.
Дар бораи ин қазия аз соли 2022 хабарҳо нашр мешаванд.
Михаил ва Марина Бухашевҳо соли 2017 духтарчаи 2-моҳаро ба тарбия ва парасторӣ гирифтанд. Дар шаҳодатномаи таваллуди духтар сутунҳои ному насаби падару модар холӣ буданд. Парасторӣ муваққатӣ буд.
Ба гуфтаи парасторони собиқ, онҳо аз мавҷудияти волидайни биологие, ки қасд доранд, духтарро гирифта ба Тоҷикистон баранд, танҳо дар моҳи августи соли 2018 огоҳ шудаанд.
Волидони духтарча аз Иркутск духтарчаро тақрибан аз рӯзи таваллуд ба воя расонида,тавре ки омбудсмени кӯдакони вилояти Иркутск Татяна Афанасьева гуфтааст, модари духтарча "бо ӯ робита надошт".
Дар Вазорати рушди иҷтимоии минтақа хабар додаанд, ки модараш кӯдакро аз таваллудхона нагирифтааст.
Моҳи июли соли 2022 модари биологии духтарча ҳамаи ҳуҷҷатҳоро тахт карда, оилаи парасторро маҷбур карданд, ки кӯдакро диҳад.
Мақомоти вилояти Иркутск қарори ба тарбия гирифтани духтарчаро аз ҷониби оилаи бурятии Бухашевҳо ғайриқонунӣ донистанд.
“Равоншинос ба хулосае омад, ки волидони биологӣ ва духтар тавонистанд робита барқарор кунанд. Аз ин рӯ, оилаи парастор аз иҷрои вазифаҳои муваққатӣ озод карда шуда, кӯдак ба ихтиёри волидон супурда шуд. Духтар худро хуб ҳис карда, ҳолати рӯҳияш мусбат буд”, – навишта буданд он замон ВАО дар Вазорати рушди иҷтимоии вилояти Иркутск.
Моҳи август дар Интернет барои баргардонидани кӯдак ба оилаи парастор петитсия (муроҷиат, дархост) таъсис дода шуд.
Моҳи декабри соли 2022 маълум шуд, ки духтарча ҳамроҳи модари биологиаш дар қаламрави Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Новосибирск қарор дорад.
Дар Кумитаи тафтишоти Русия аз рӯи далели ба таври бояду шояд иҷро нашудани уҳдадориҳо аз ҷониби раёсатҳои байниноҳиявии Вазорати рушди иҷтимоӣ, васоят ва парастории вилояти Иркутск парвандаи ҷиноятӣ тафтиш мешавад.
Тавре ки Радиои Озодӣ менависад, Аноргул Ғайбуллоева ва Асад Азизов, волидони биологии Мария кӯдакро гирифтанд, аммо ба онҳо гуфта буданд, ки то ниҳоӣ шудани қазия иҷозаи берун шудан аз хоки Русияро надоранд.
Оилаи онҳо аллакай чор фарзанд доранд. Гуфта мешавад, ки тибқи маълумоти ҷониби Тоҷикистон, вазъи рӯзгори хонаводаи ин духтар ободу осуда аст.