spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Биноҳои обод гардад хароб… Маҷмааи Истиқлоли шаҳри Хуҷанд кай обод мешавад?

Маҷмаи таърихӣ – фарҳангии Истиқлол, ки дар маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд бунёд шудааст, 7 сол пеш ба истифода дода шуда буд ва имрӯз ҳоли хароб дорад.

Ин маҷмаа 14-уми сентябри соли 2016 ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти кишвар ва бо иштироки роҳбари давлат ифтитоҳ шуда буд. Барои бунёди он 37 млн сомонӣ маблағ сарф шуда буд.

Ин маҷмаа дар масоҳати 1 ҳазору 127 метри мураббаъ сохта шудааст ва баландии муҷассама 53 метр буда, дар он тоҷ ва ҳафт ситораи доирашакл давр мезанад. Дар баландии 21 метри он майдончаҳо барои тамошо сохта шудааст ва дорои лифтҳои махсус мебошад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Маҷмааи Истиқлол замони ифтитоҳ

Дар таҳхонаи он толорҳои намоишӣ ва таърихию фарҳангӣ мавҷуд аст, ки дар он харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаддасоту арзишҳои миллӣ ҷойгир карда шудааст. Гузаргоҳҳои зеризаминӣ барои ба толори намоишӣ пайвастани сокинон пешбинӣ шудааст.

Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд ва пудратчиён ҶДММ “Хуҷандсохтмон-1”, ҶДММ “СМС”, ҶДММ “Каскад” ва ҶДММ “Стройкомплекс” мебошанд.

Вақте имрӯз, 31-уми март, аз ин маҷмаа дидан кардем, иншооти зоҳиран зебо роҳҳои зеризаминӣ ва деворҳои хароб дошт. Бо вуҷуди ҳавои офтобӣ будан, аз сақфи он об мечакид.

Вақте ду моҳ қабл, дар нишасти матбуотии ахир аз Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоляти Суғд оид ба ҳолати ин бино суол кардем, посух дод, ки "дида мебароянд".

Ин моро водор кард, ки аз ин маҷмааи замоне зебо ва ҷашнӣ суратгузориш омода намоем, ки пешкаши хонандагон хоҳем кард.

ГАЛЛЕРЕЯ (10)










Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...