Фурудгоҳи Душанбе ба далели нишасти “хатарнок”-и ҳавопаймои эронӣ беш аз 6 соат аз фаъолият боз мондааст

Дирӯз, 10-уми апрел, кори Фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Душанбе барои беш аз 6 соат қатъ шудааст. Сабаби ин як ҳавопаймои мусофирбари ширкати эронии "Вориш" (Varash Airlines) будааст, ки ҳангоми фуруд омадан аз хати фурудоӣ берун шуда, нишасти "хатарнок" анҷом додааст. Ин ҳодиса рӯзи гузашта соати 11:40 ба вақти Душанбе рух додааст. Аз Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон ба […]

Asia-Plus

Дирӯз, 10-уми апрел, кори Фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Душанбе барои беш аз 6 соат қатъ шудааст. Сабаби ин як ҳавопаймои мусофирбари ширкати эронии "Вориш" (Varash Airlines) будааст, ки ҳангоми фуруд омадан аз хати фурудоӣ берун шуда, нишасти "хатарнок" анҷом додааст.

Ин ҳодиса рӯзи гузашта соати 11:40 ба вақти Душанбе рух додааст.

Аз Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ҳавопаймои "Boeing 737-500", ки аз Теҳрон ба Душанбе парвоз карда буд, ба далели ногаҳон бад шудани вазъи ҳаво ва бориши шадиди жола натавонист ба таври бехатар ба замин фуруд ояд.

Ба гуфтаи ин ниҳод, ҳавопаймо аз хати фурудоӣ берун шуда, дар ҷои нодуруст нишаст анҷом дод ва мавқеаш монеаи фуруд ва парвози дигар ҳавопаймоҳо гардид. Дар пайи ин фаъолияти Фурудгоҳи Душанбе муваққатан қатъ шудааст.

Ба гуфтаи Оҷонсии ҳавонавардии кишвар, ҳамаи ҳавопаймоҳое, ки бояд дар ин фурудгоҳ нишаст анҷом медоданд, ба фурудгоҳи Хуҷанд дар шимоли кишвар ҳидоят шудаанд.

Манбаъ мегӯяд, соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ ҳавопаймо ба истгоҳи худ кашонда шуд ва пас аз он фаъолияти Фурудгоҳи Душанбе пурра барқарор гардид.

Тавре ба "Азия-Плюс" аз Оҷонсии ҳавонавардии кишвар хабар доданд, дар натиҷаи ин ҳодиса касе осеб надидааст.

Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир фурудгоҳ ба реҷаи муқаррарӣ баргашта ва фаъолият дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.