ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ
– Имрӯз соати 11:00 дар Театри лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Саҳнаҳои хандаовар” (Весёлый балаган) ба тамошо гузошта мешавад. Арзиши чипта 25 сомонӣ аст.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 2003 – Созишнома дар бораи пешгирӣ аз андозбандии дукарата ва ҷилавгирӣ аз фирор аз пардохти андозҳо байни Тоҷикистон ва Русия ба имзо расид.
Соли 2019 – Барои сайёҳон боҷи давлатӣ ҷорӣ карда шуд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1934 – Мавлуди Далер Лоҳутӣ, файласуф, забоншинос ва тарҷумон.

Далер Лоҳутӣ, писари шоири пуровозаи Тоҷикистону Эрон Абулқосим Лоҳутӣ буда, мутахассиси варзидаи кибернетика, файласуфи мантиқдон, забоншинос ва тарҷумони варзида буд.
Ӯ хатмкардаи факултаи риёзии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов буда, муаллифи асарҳои гаронарзише дар заминаи тарҷумаи матнҳои фалсафӣ аст.
Далер Лоҳутӣ 27-уми январи соли 2022 дар 88-солагӣ дар Маскав аз олам даргузашт.
Соли 1935 – Зодрӯзи Маннон Рӯзиев, доктори илмҳои санъатшиносӣ.
Соли 1952 – Мавлуди Қувват Давлат, шоири тоҷик.
Соли 1975 – Зодрӯзи Фарҳод Шокир, физикдони тоҷик, доктори илмҳои физикаю математика.
Соли 2020 – Абдуфаттоҳ Ҳотамов, кимиёдони тоҷик ва бунёдгузори литсейи “Ҳотам ПВ” бар асари сактаи қалб дар 69-солагӣ аз олам даргузашт.

Абдуфаттоҳ Ҳотамов Донишгоҳи давлатии шаҳри Ленинградро хатм карда, як муддат дар Донишгоҳи омӯзгории Душанбе ва ҳамчунин Донишкадаи такмили ихтисоси муаллимон кор кардааст.
Ҳотамов оғози солҳои 2000-ум мудири Маркази таълимии ҷамъиятӣ буд. Соли 2003 мактаби хусусии “Ҳотам ПВ”-ро таъсис дод, ки ҳоло ба як маркази муҳими омӯзиши илмҳои дақиқ дар кишвар табдил ёфтааст.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз Рӯзи байналмилалии поси хотири қурбониёни садамаи Чернобил таҷлил мегардад. Ин сана 26 сол пас аз садамаи нерӯгоҳи атомии Чернобил ба тақвими расмӣ ворид шуд.

Садама дар нерӯгоҳи атомии Чернобил 26-уми апрели соли 1986 рух дода буд. Дар натиҷаи таркиш реактор пурра нобуд гашт ва миқдори зиёди моддаҳои радиоактив ба муҳити атроф паҳн шуданд ва абре, ки ба вуҷуд омад, радионуклидҳоро дар саросари Аврупо ва Иттиҳоди Шӯравӣ паҳн кард.
Шумораи умумии иштирокчиёни бартарафсозии садама тақрибан 600 ҳазор нафар гуфта мешавад.
26 апрел ҳамчунин Рӯзи ёдоварӣ аз заминларзаи шаҳри Тошканд аст. Соли 1966, субҳи барвақти ҳамин рӯз дар Тошканд заминларза ба вуҷуд омад, ки қувваи он 8–9 балл буд ва тақрибан 10 сония давом кард.

Харобкориҳо бештар дар маркази шаҳр рух доданд ва асосан хонаҳои гилини яктабақа хароб шуданд. Дар маҷмӯъ, 8 нафар ҳалок шуд, садҳо тан ҷароҳат бардоштанд ва тақрибан 200 нафар ба беморхона интиқол ёфтанд. Инчунин беш аз 78 ҳазор оила бехона монданд. Сохторҳои маъмурӣ, 700 нуқтаи савдо ва хӯрокхӯрӣ, 181 муассисаи таълимӣ, корхонаҳои коммуналӣ, муассисаҳои фарҳангиву тиббӣ ва биноҳои саноатӣ низ вайрон шуданд. Шаҳр дар давоми 3,5 сол аз нав бунёд карда шуд
Аз соли 2001 инҷониб 26-уми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ (World Intellectual Property Day) қайд мегардад. Ин сана бо қарори Ассамблеяи генералии Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (WIPO) дар моҳи октябри соли 1999 пас аз пешниҳоди Чин таъсис дода шуд.

ВАЗЪИ ҲАВО*
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 24+29º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 12+17º гарм, дар водиҳо шабона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 28+33º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 20+25º гарм, дар водиҳо шабона 14+19º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 11+16º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 25+30º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 19+24º гарм, дар водиҳо шабона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 17+22º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 26+28º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 8+13º гарм, дар ғарби вилоят шабона 5+10º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 13+15º гарм, дар шарқи вилоят шабона 0-5º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 27+29º гарм, шабона 15+17º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 27+29º гарм, шабона 14+16º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 31+33º гарм, шабона 16+18º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 20+22º гарм, шабона 8+10º гарм, рӯзона 20+22º гарм мешавад.
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 26 ба 27-уми апрел ба ҳисоб гирифта шудааст.




