spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

ВАО: Дар ҷашни Рӯзи Ғалаба танҳо як роҳбари давлат ба Маскав меояд

Президенти Қирғизистон Садир Жапаров ягона роҳбари давлати хориҷие хоҳад буд, ки рӯзи 9 май барои иштирок дар чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи Ғалаба ба Маскав меояд. Дар ин бора “Ведомости” хабар медиҳад.

Ба иттилои нашрия, ӯро ба пойтахти Русия охири моҳи март муовини сарвазири Русия Алексей Оверчук даъват кардааст. Оверчук дар ҳукумати Русия ба бахши муносибатҳои байнулмилалӣ масъул аст.

“Мо албатта, ҳамеша дар хотир дорем, ки мардуми Қирғизистон барои ноил шудан ба ин ғалаба ва ҳимояи Маскав чӣ саҳм гузошт, ин барои мо муқаддас аст”, – изҳор доштааст Оверчук зимни изҳори назар доир ба ин сафари Жапаров.

Рӯзноманигорон огаҳӣ ёфтаанд, ки дар ҷараёни сафари Садир Жапаров дидору гуфтушуниди ӯ бо президенти Русия Владимир Путин ба нақша гирифта шудааст.

Дар бораи ҷузъиёти сафар нашрия маълумот намедиҳад.

Соли 2022 барои ҷашни Рӯзи Ғалаба ягон роҳбари давлати хориҷӣ ба Маскав наомада буд. Дар Кремл изҳор дошта буданд, ки роҳбарони давлатҳои хориҷиро даъват накардаанд, менависад Медуза.

“Ин санаи ҷашнӣ нест. Ин иди мост, иди муқаддас барои тамоми Русия ва ҳамаи русиягиҳост”, – гуфта буд он замон сухангӯӣ президенти Русия Дмитрий Песков.

Имсол дар як қатор минтақаҳои Русия тасмим гирифтаанд, ки “бо назардошти вазъи амният аз гузашти низомӣ ба ифтихори Рӯзи Ғалаба” даст кашидаанд.

Ғайр аз ин, дар Маскав раҳпаймоии “Полки ҷовидон” (Бессмертный полк) низ гузаронида намешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...