Дар Тоҷикистон тадбирҳои бехатарии зидди сӯхтор дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ пурзӯр карда шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сокинони шаҳри Душанбе ва мавзеъҳои гирду атрофи пойтахт хабар доданд.
Сокинон зикр карданд, ки аллакай чанд рӯз инҷониб барои пур кардани баллонҳои гази худ, ки дар рӯзгор истифода мебаранд, мушкилӣ доранд. Ба гуфтаи манбаъҳо, ин ҳолат пас аз таркиши рӯзи ҷумъа дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе ба вуҷуд омадааст.
“Дар бисёре аз нуқтаҳо дигар баллонро пур намекунанд, лозим меояд, ки ҷойҳои дигарро ёбем, – гуфтанд онҳо. – Кормандон мегӯянд, ки санҷиш рафта истодааст”. Дар ҳамин ҳол, онҳо зикр мекунанд, ки пас аз рафтани санҷишгарон онҳо зарфҳояшон (баллонҳояшон)-ро пур хоҳанд кард.
Касе ҳоло ин маълумотро расман тасдиқ накардааст, лекин қаблан дар чунин ҳолатҳо Хадамоти оташнишонии ВКД Тоҷикистон оид ба санҷиши нигаҳдории сӯзишворӣ дар нуқтаҳои фурӯш рейдҳо мегузаронид.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 28 апрел дар нуқтаи фурӯши ширкати “Соро Ойл” дар кӯчаи Борбади пойтахт нахуст сӯхтор сар зада, сипас таркиш ба амал омад. Сӯхтор бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарии зидди сӯхтор ҳангоми аз автомашина гирифтани газ сар зад.
Дар натиҷа зане, ки дар балкони хона меистод, аз мавҷи таркиш ба замин афтод. Табибон талош карданд, ки ӯро наҷот диҳанд, лекин ӯ аз ҷароҳатҳои бардоштааш ба ҳалокат расид.
Тавре ки Радиои Озодӣ хабар медиҳад, Салтанат Равшанова, директори муассисаи таълимии рақами 30-и ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик қурбонии тасодуфии фоҷеа гардид.
Тибқи маълумоти Радио, Салтанат Равшанова 51 сол дошт ва ба хотири табобати дил ба Душанбе рафта буд. Ба қавли хешовандонаш, вақте сӯхтор шурӯъ шуд, ҳодисаро аз балкони хонаи як хешаш, ки он ҷо меҳмон буд, нигоҳ мекард, вале ногаҳон мавҷи таркишу оташ ӯро ба берун ҳаво дод. Ӯ аз ошёнаи сеюми бино афтода ҷароҳати сангин бардошт ва дар роҳ ба шифохона ҷон дод. Равшанова модари як писару як духтар буд.
Ҷарима дар сурати нодуруст истифода шудани баллони газ
Шояд дар нуқтаҳои фурӯш баллонҳои газро барои он пур намекунанд, ки истифодаи онҳо дар манзилу корхона, бемористон ва дигар биноҳо дар Тоҷикистон қатъиян манъ аст.
Лекин сокинони кишвар ба истифодаи газ барои тайёр кардани хӯрок, то ки барқ сарфа шавад, идома медиҳанд. Инчунин газ як манбаи захиравӣ дар ҳолатҳои қатъи интиқоли барқ ва дар деҳот боз гармкунии хонаҳо ва сарфаи ҳезуми қимат истифода мешавад.
Дар сурати риоя нашудани меъёр ва қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор бо истифода аз баллони газ, мутобиқи моддаи 473 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима пешбинӣ шудааст (як нишондиҳанда барои ҳисоб – 68 сомонӣ):
– ба шахсони воқеӣ – дар ҳаҷми аз 3 то 5 нишондиҳанда барои ҳисоб (аз 204 то 340 сомонӣ);
– ба шахсони мансабдор – аз 15 то 20 нишондиҳанда барои ҳисоб (аз 1020 то 1 ҳазору 360 сомонӣ);
– ба шахсони ҳуқуқӣ – аз 40 то 50 нишондиҳанда барои ҳисоб (аз 2 ҳазору 720 то 3 ҳазору 400 сомонӣ).