spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Обуҳавои рӯзҳои истироҳат: борони пуршиддат ва жола

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои 6-7-уми май дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст.

Ба иттилои сомонаи расмии Кумита, дар ноҳияҳои ҷудогонаи тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд боронҳои пуршиддат ва ҳатто жола меборад, раъду барқ мешавад. Ҳангоми раъду барқ дар баъзе ноҳияҳо бод шиддат мегирад. Хатари зарар дидан аз барқ (чароғак) вуҷуд дорад. Дар роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо хатари лағзиши тарма, ярч ва резиши санг вуҷуд дорад.

Гуфта мешавад, эҳтимоли болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои ҷоришаванда аз қаторкӯҳҳои Ҳисор, дарёҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ), Вахш, Зарафшон ва Исфара зиёд аст.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз кулли сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо аз сафарҳои безарурат аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.

“Боронҳои пуршиддат метавонанд боиси афзудани шумори садамаҳо дар роҳҳо шаванд. Бахусус, дар роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ ҳавои тираву боронӣ ҳаракати мошинҳоро ба мушкил рӯбарӯ месозад”, – омадааст дар хабари Кумита.

Рафтан ба саҳро барои анҷом додани корҳои кишоварзӣ, молчаронӣ ва рафтан ба доманакӯҳҳо барои ғунучини ҳезум ё гиёҳҳои шифобахш хатар дорад.

Аз ҳамаи ронандагоне, ки сафари дур доранд, хоҳиш мешавад дар ҳавои боронӣ, ки маъмулан муҳитро тира мекунад, суръати ҳаракатро боло набаранд ва ҷони худу ҷони ҳамсафарони худро дар хатар нагузоранд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҳушдори ҳавошиносон аз чангу ғубор. Тавсияҳо ба беморон ва барои пешгирӣ аз ҳолатҳои нохуш

Сокинон бояд сари вақт ҷӯйбору каналҳо ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна монеъаҳо тоза кунанд, то хатари харобӣ аз сел вуҷуд надошта бошад.

Кумта ҳамчунин ҳушдор медиҳад, ки ҳавои номусоид метавонад боиси зарар дидани хатҳои интиқоли барқ шавад, ба боди шадид метавонад ба бомҳои хонаҳои истиқоматӣ зарар расонад.

Ҳангоми дар кӯчаҳо  гардиш кардан, ҳаргиз зери дарахтон ва пояҳои сустниҳоди рекломҳо қарор нагиред.

Кумита аз сокинон бо эҳтиром хоҳиш мекунад тадбирҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд.

Дар ҳоли пеш омадани ин ё он ҳодисаи фавқулодда шаҳрвандон метавонанд то белефонҳои 112,  (+992) 93 880 28 19, 223 13 11 муроҷиат кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...