Аз давраи моҳи январ то марти соли 2023 аз ҳама бештар шаҳрвандони Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, бармеояд аз омори ВКД Русия дар бораи вазъи муҳоҷират, менависад ТАСС.
Бино ба маълумоти оморӣ, давоми моҳҳои январ-март зиёда аз 106 ҳазор нафар хориҷиён шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, ки 35 ҳазор нафар камтар нисбат ба соли пешин аст.
Дар ҳамин давраи соли гузашта 141 ҳазору 663 нафар хориҷиён шаҳрвандии Русияро гирифта буданд.
Тибқи маълумоти ВКД Русия, дар зарфи 3 моҳи соли 2023 дар бораи ба 44,9 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон додани шаҳрвандии Русия қарор қабул шудааст. Ин нишондиҳанда баландтарин дар давраи зикршуда аст.
Дар зинаҳои дуюму сеюм шаҳрвандони Украина (22 ҳазор) ва Арманистон (8,9 ҳазор) қарор доранд.
Ҳамчунин ба даҳгонаи аввал шаҳрвандони Қазоқистон (6,9 ҳазор), Қирғизистон (5,4 ҳазор нафар), Ӯзбекистон (4,7 ҳазор нафар), Озарбойҷон (3,7 ҳазор нафар), Молдова (3,1 ҳазор нафар), Беларус (2,4 ҳазор нафар) ва Туркманистон (912 нафар) дохил шудаанд.
Қобили зикр аст, ки соли 2022 теъдоди рекордии шаҳрвандони Тоҷикистон – 173 ҳазору 634 нафар ба шаҳрвандии Русия соҳиб шуда буданд.
Ин дар ҳоле, ки баъди оғози ҷанг дар Украина, барои шаҳрвандони Русия дар чандин кишварҳои дигар баъзе маҳдудиятҳо ҷорӣ гардид. Ҳамчунин, пас аз эълони сафарбарии ҳазорон нафар шаҳрвандони Русия тарки ватан карданд. Бо назардошти ин, таҳлилгарон тахмин мекарданд, ки тоҷикон аз гирифтани шаҳрвандии Русия худдорӣ хоҳанд кард.