spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

“Рӯзе бармегардам”. Ёде аз Аловуддин Абдуллоев, ҳунарпешаи саршиноси тоҷик

Агар умр вафо мекард, имрӯз, 15-уми май Аловуддин Абдуллоев, ҳунарпешаи саршиноси ҳаҷву театр ва синамои Тоҷикистон, муаллиф, коргардон ва бозигари саҳнаҳои сербинандаи “Шӯхиҳои Аловуддин” 58-сола мешуд. Ӯ як сол пеш, дар қуллаи шуҳрат, вақте 57 сол дошт, дунёро тарк кард, аммо барномаҳои ӯ, нақшҳои модагораш то ҳол вирди забонҳост ва пайваста тариқи телевизионҳои кишвар намоиш дода мешавад. Аҳли фарҳанг мегӯянд, даргузашти ин ҳунарманд талафоти бузург дар синамову театри тоҷик ва зарбае ба санъати ҳаҷв буд.

Ба ифтихори зодрӯзи ин ҳунарпешаи мумтози театру синамо ва ҳаҷвнигори барҷаста “Азия-Плюс” тасмим гирифт, мақолае, ки дар солгарди рӯзи маргаш омода ва пахш карда буд, дубора бознашр кунад.  

Қалбҳоро тасхир карда буд

Воқеан, барномаҳои ҳаҷвии Аловуддин Абдуллоев дар қалби тамоми қишри ҷомеа ҷой гирифта буд ва тавре Қурбон Собир, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, мегӯяд, Аловуддин Абдуллоев “мӯъҷизаофарӣ мекард ва қалби миллатро тасхир карда буд”.

“Аловуддин нақшҳои ҳаҷвиро самимӣ, дилнишин ва хотирмон мебозид, лаҳҷаҳои манотиқи кишварро хуб медонист. Ҳамин буд, ки ҳамагон саҳнаҳои ӯро бо завқ тамошо мекарданд”, – мегӯяд Қурбони Собир.

Қурбон Собир Акс аз your.tj

Ба қавли ин ҳунарманд, Аловуддин Абдуллоев зарфияти бештар дошт ва нақшҳои зиёде, ки тарҳрезӣ карда буд, наофарида монд.

“Ҳунар ва мансаб ба ҳам зид ҳастанд ва вазифаи сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлонро ба ӯҳда гирифтани Аловуддин Абдуллоев дар офаридани нақшҳои бештари мондагор садди роҳ шуд. Ин вазифа ба саломативу фаъолияти ҳунариаш таъсир расонид”, – иброз медорад Қурбони Собир.

Муқимҷон Абдуфаттоев, ҳаҷвнигори тоҷик ва роҳбари Театр-студияи “Хандинкамон”, ҳам ба ин нукта ишора мекунад ва мегӯяд, мансаб ба фаъолияти эҷодии Аловуддин Абдуллоев таъсири ҷиддӣ гузошт.

“Ба Аловуддин Абдуллоев гуфтам, ки ин вазифаро ба зимма нагир, кори ҳунарманд дигар аст, аммо ӯ гуфт, “бояд қарзро адо кунам”. Мансаб барояш кӯмакҳое ҳам кард ва дарси бузург шуд, аммо эҷодиёташ камтар гардид”, – иброз дошт Муқимҷон Абдуфаттоев.

Муқимҷон Абдуфаттоев Акс аз pressa.tj

Қолабшиканӣ ва эътирофи мансабдорон

Ба қавли ин ҳаҷвнигор, Аловуддин Абдуллоев ба ҳадде дар дили мардум ҷой гирифта буд, ки ӯро ҳатто нафарони дар саҳнаҳои ҳаҷвӣ интиқодшуда низ дӯст медоштанд ва тамошо мекарданд.

Зиндагинома

Аловуддин Абдуллоев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, 15 майи 1965 дар шаҳри Қӯрғонтеппа таваллуд шудааст. Соли 1989 Донишкадаи давлатии санъатро хатм карда, фаъолияташро дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи ш.Қӯрғонтеппа шурӯъ намуд ва то роҳбарии ин театр расид. Се соли ахири умр раҳбари Раёсати фарҳанги вилояти Хатлонро буд. Дар саҳнаҳои театрӣ, филмҳои зиёди бадеӣ ва филмҳои ҳуҷҷатӣ нақши асосиро бозидааст. Барномаи телевизионии “Шӯхиҳои Аловуддин” аз сертамошобинтарин барнома дониста мешавад, ки ӯ таҳия мекард. 17 феврали соли 2022 даргузашт ва дар Бохтар ба хок супорида шуд. Қасри фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар номи ӯ гузошта шудааст.

“Аловуддин дар саҳнаҳои ҳаҷвии худ нақши кормандони милисаву нозирони роҳро зиёд мебозид ва мавриди танз қарор медод, аммо ҳеҷ як корманди милиса ё нозири роҳ аз ӯ намеранҷид ва саҳнаҳояшро тамошо мекард”, – мегӯяд Муқимҷон Абдуфаттоев.

Бояд гуфт, ки аз ҷониба мард офаридани нақши зан дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон на ҳамеша хуш қабул мегардад, аммо ба эътирофи аксари ҳунармандон, Аловуддин Абдуллоев тавонист, бо истеъдоди нодири худ ин қолаби шахшударо бишканад.

“Нақши занро вақте Аловуддин Абдуллоев иҷро мекард, писанди бинандагон мегардид. Ӯ бо ҳама нозукиҳояш нақшро бозӣ мекард ва бинанда вақти тамошо шахсияти ҳунармандро фаромӯш карда, ба маҳсули эҷодаш таваҷҷӯҳ менамуд”, – мегӯяд Муқимҷон Абдуфаттоев.

Ба қавли ӯ, Аловуддин Абдуллоев пулдӯст набуд ва ҳамеша дар барномаҳои телевизиониву чорабиниҳои ҳукуматӣ ширкат меварзид. Ҳамин буд, ки ӯро мансабдорони радаи аввали кишвар низ эҳтиром ва қадрдонӣ мекарданд.

“Рӯзе бармегардам”

Отахон Саидзода, роҳбари Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ва яке аз шогирдони Аловуддин Абдуллоев мегӯяд, “устод ҳамеша таъкид менамуд, ки ба саҳна бармегардам”.

“Бо вуҷуди он ки сардори Раёсати фарҳанги вилоят буд, аз театр дил канда наметавонист. Мехост намоишномаи “Ҳақиқат ва масал”-ро рӯи саҳна орад. Офаридани нақши Отелла ва Бобоҷон Ғафуровро ҳам барномарезӣ карда буд. Борҳо гуфта буд, ки ба саҳнаи ҳунар бармегардад, зеро нақшҳои зиёди наофарида дорад”, – гуфт Отахон Саидзода.

Отахон Саидзода Акс аз саҳифаи фейсбуки О.Саидзода


Ба қавли Саидзода, Аловуддин Абдуллоев шогирдони зиёд тарбия кард ва онҳо роҳи ӯро идома медиҳанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки бо гузашти як сол аз марги Аловуддин Абдуллоев, то ҳол саҳнаҳои ҳаҷвии ӯ тариқи телевизионҳои кишвар намоиш дода мешаванд ва барномаҳои идонаи телевизионҳоро бе “Шӯхиҳои Аловуддин” тасаввур кардан ғайриимкон аст.

“Медонум, ки мемурум, намедонум, ки кай мемурум”, “Изображение ҳасту звук нест”,  “Ту ҷӯраи ман астӣ ё ҷӯраи хирс?”, “Кори хирс – тамом”, “Дар ҳамин армияи советӣ як тоқа манум?”, “Ҷентелмен”, “Ё пирам” бораҳоест, ки бо шунидани ин дар лабони ҳар сокини кишвар ханда ҳувайдо мешавад ва Аловуддин Абдуллоевро ба ёд меорад.

Аловуддин Абдуллоев аз соли 2019 ба ин сӯ, сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлонро ба дӯш дошт ва ҳамзамон яке аз доварони шоу-барномаи Central Asia Got Talant буд.

Ӯ субҳи 17-уми феврали соли гузашта бар асари фишорбаландӣ дар синни 57-солагӣ аз олам даргузашт. Ҳарчанд, бар асоси муқаррароти расмӣ ҳунарпешаву ҳунарманд ва шоиру нависандаҳое, ки дар соҳаи худ унвони давлатии “халқӣ”-ро доранд, дар оромгоҳи Лучоби Душанбе дафн карда мешаванд, аммо Аловуддин Абдуллоев дар шаҳри Бохтар, дар паҳлӯи модараш, ба хок супурда шуд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...