Тоҷикистон ва Русия ҳамкориҳои мутақобиларо дар бахши энергетика баррасӣ карданд, хабар медиҳад сафорати Русия дар Тоҷикистон.
Муовини сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ва вазири энергетикаи ҷумҳурӣ Далер Ҷумъа бо вазири энергетикаи Русия Николай Шулгин, ки дар Душанбе бо сафари корӣ қарор дорад, дидору гуфтушунид карданд.
“Дар вохӯриҳо ҳамкорӣ дар бахши электроэнергетика, аз ҷумла фаъолияти корхоаи муштараки ҶСК “НБО Сангтӯда-1” ва кори бидуни садамаи низоми электроэнергетикӣ дар Осиёи Марказӣ (ОМ) баррасӣ шуд”, – гуфта мешавад дар хабари сафорат.
Шулгинов аз ҳамтоҳои худ даъват намудааст, ки аз иштироки Русия дар Шӯрои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ ба сифати узви комилҳуқуқ дастгирӣ кунанд.
Дар дафтари матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон баргузор шудани вохӯриҳоро ба “Азия-Плюс” тасдиқ намуда, изҳор доштанд, ки “ояндаи наздик дар бораи ҷузъиёт ва масоили баррасишуда дар мулоқоти вазирон маълумот хоҳанд дод”.