Гуруҳи украинаии "Kalush Orchestra", ки имсол дар озмуни мусиқии "Евровидение" баранда шуда буд, ҷоизаи худ "микрофони булӯрин"-ро дар як музояда бар ивази 900 ҳазор доллари амрикоӣ фурӯхтааст.
Музояда дар YouTube пахш шуда, ки аз сӯи бунёди хайрияи барандаи телевизион ва фаъоли ҷамъиятӣ Сергей Притула ташкил гашта буд, менависад Бахши русии Би-би-сӣ.
Сергей Притула қаблан гуфта буд, бо баргузории як иқдоми хайрия мехоҳанд пул ҷамъоварӣ карда, барои неруҳои ҳавоии Украина ҳавопаймои бесарнишини "PD-2" бихаранд.
Сокинони Литва ҳам дар се руз 5 миллион евро ҷамъ карданд, то барои артиши Украина бесарнишини туркӣ харанд. Ҷамъ шудани маблағро вазири дифои Литва Арвидас Анушаускас тасдиқ кард.