spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Имрӯз сохтмони неругоҳи Қамбарота-1 дар Қирғизистон оғоз мешавад

Дар ин бора раиси девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Ҷабборов рӯзи 7 июн хабар дод. Ба гуфтаи вай, барои сохтмони марҳилаи аввали неругоҳ 3,5-5 сол сарф мешавад.

"Фардо мо корҳои сохтмониро шуруъ мекунем, бояд пул сохта шавад, нақб то охир кофта шавад. Ҳамаи инро бо неруи худ шуруъ мекунем. Мо 18,8 млн доллар дорем. Барои марҳилаи аввал 3,5-5 сол сарф мешавад. Ҳамсояҳои мо ҳам ба ин тарҳ таваҷҷуҳ доранд, аммо ҳоло бо неруи худ шуруъ мекунем, мунтазир сармоя намемонем", – гуфт Ҷабборов.

Оқилбек Ҷабборов рӯзи 1 июн аз рафти корҳои омодагӣ ба сохтмони неругоҳи Қамбарота-1 дар дарёи Норин дидан карда буд.

Доскул Бекмирзоев, вазири энержии Қирғизистон дар ин сафар ба Ҷабборов хабар дод, ки давоми ду соли оянда роҳҳову пулҳо барқарор мешаванд ва анбору зерсохторҳо барои коргарон бунёд мегарданд. Бекмирзоев ҳамчунин гуфт, нахустин чархаи неругоҳ баъди 8 сол ба кор хоҳад даромад.

Ин дар ҳолест, ки Оқилбек Ҷабборов моҳи марти соли ҷорӣ гуфта буд, неругоҳи Қамбарота-1 давоми 3-5 соли оянда ба кор медарояд. Вай гуфта буд, ки аз буҷаи Қирғизистон барои сохтмони неругоҳ дар соли 2022 20 млн доллар ҷудо шудааст.

Моҳи марти соли 2021 Қирғизистону Узбекистон изҳор доштанд, ки неругоҳи Қамбарота-1-ро дар якҷоягӣ месозанд. Моҳи майи соли ҷорӣ президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев низ гуфт, мехоҳад, неругоҳи Қамбарота-1 дар якҷоягӣ сохта шавад.

Соли 2021 Қирғизистону Русия барои сохтмони неругоҳи Қамбарота-1 созишнома баста буданд. Аммо созишнома соли 2016 якҷониба, аз тарафи Қирғизистон, бекор карда шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...