Муассисаи ECA International рӯйхати қиматтарин шаҳрҳои ҷаҳон дар соли 2022-ро нашр кард. Ба панҷгонаи гаронтарин шаҳрҳои дунё Ҳонконг, Ню-Йорк, Женева, Лондон ва Токио шомил шудаанд.
Ҳонконг барои севумин бор дар садри солонаи гаронтарин шаҳрҳои дунё қарор гирифтааст.
Тел-Авив, Зурих ва Шонгҳой мақомҳои шашу ҳафт ва ҳаштуми ин рӯйхатро гирифтаанд. Ин муассиса омилҳои гуногунеро барои ин рутбабандӣ дар назар гирифтааст.
Ҳонконг се сол аст гаронтарин шаҳри ҷаҳон аст
Ҳонконг ноҳияи вижаи маъмурии Чин. Арзиши маҳсулоти аслии хонагӣ, аз қабили ширу рӯғани пухтупаз, иҷораи хона, хидматрасонии обу барқ, нақлиёти умумӣ, қурби пули маҳаллӣ ва нуқтаи назари коргарони хориҷӣ аз омилҳои асосие будаанд, ки ин муассиса барои муайян кардани нархи зиндагӣ дар як шаҳр дар назар гирифтааст.
Ин созмон Осиёро гаронтарин қораи ҷаҳон ном бурдааст. Зеро панҷ шаҳри гаронтарини ин қора: Ҳонконг, Токио, Шонгҳой, Гуонгжу ва Сеул вориди даҳгонаи гаронтарин шаҳрҳои дунё шудаанд. Тел-Авив дар ин феҳрист шашумин шаҳри гаронтарин ҷаҳон эътироф шудааст
Порис (Париж), ки дар гузашта дар садри гаронтарин шаҳрҳои ҷаҳон қарор дошт, аз рӯйхати 10-гонаи ин шаҳрщо ҳам пойинтар қарор гирифтааст. Мадрид, Рум ва Бруюсел ҳам дар миёни шаҳрҳои гаронтарини ҷаҳон пойинтар қарор гирифтаанд.
Муассисаи ECA International дар шарҳи дар рутбаҳои поёнӣ қарор гирифтани шаҳрҳои урупоӣ гуфтааст, ки имсол тақрибан ҳамаи шаҳрҳои минтақаи евро дар ин рутбабандӣ пойин рафтаанд, зеро евро дар 12 моҳи гузашта бадтар аз долар ва пунд (фунд) амал кардааст.
Ҳамлаи Русия ба Укроин ва ҷорӣ шудани таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ ба болои Русия сабаб шудааст, ки Маскав дар миёни гаронтарин шаҳрҳои ҷаҳон мақоми 62-юм ва Санкт-Петербург рутбаи 147-умро бигиранд.
Женева мақоми якуми гаронтарин шаҳри Аврупо ва сеюми дунёро гирифтааст. Женеваи Швейтсария аз шаҳрҳои зебои дунё ҳам дониста мешавад. Швейтсария ба ҷойи евро аз франки швейтсарӣ истифода мекунад.
Сан-Фронсискои иёлати Колифорниёи ИМА, Шинжин (Shenzhen)-и Чин, Сингопури Сингопур, Пекини Чин, Йерусалим, Берни Швейтсария, Йокогомои Ҷопон, Коменҳагени Дания, Ослои Норвегия, Тайбэйи Тайван мутаносибан мақомҳои 11 то 20-уми гаронтарин шаҳрҳои дунё дар соли 2022-ро гирифтаанд.
Ин муассиса 20 дар сад боло рафтани пардохтҳо барои иҷора дар Лондонро далели ворид шудани ин шаҳр ба панҷгонаи шаҳрҳои гаронтарини дунё донистааст. То 12% боло рафтани пардохти иҷора дар Ню-Йор сабаб шудааст, ки ин шаҳр пештар аз Женева қарор бигирад.
Ин пажӯҳишгоҳ гуфтааст, ки болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ дар пайи буҳрон дар Укроин дар тамоми дунё мушоҳида мешавад, вале ин аз ҳама бештар болои Бритониё таъсир мегузорад.
Арзиши равғани офтобпараст дар ниме аз дунё баланд шудааст, вале дар Бейрут, Теҳрон ва Сараево ин навъи равған ду баробар гарон шудааст.
Нархи бензин ба ҳисоби миёна 37% боло рафтааст, аммо дар Лондон ин ҳисоб баробар ба 23% будааст. Гаронтарин бензин дар дунё ҳамоно мисли пештара дар Ҳонконг будааст, ки 2,26 пунд (бештар аз 2,5 доллари амрикоӣ) барои як литр шудааст, ки соли гузашта 1,8 пунд будааст.
Анқараи Туркия бо гирифтани мақоми 207-ум аз ҳама шаҳри арзонтарин барои сайёҳону гардишгарон дониста шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.