Беш аз 1000 тонна сабзавоту мева ва чормағзи Тоҷикистонро ба ярмаркаи Остона мебаранд

Соҳибкорони вилояти Суғд зиёда аз 1000 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоту мева, хушкмева ва чормағз, инчунин дигар зироатҳои полизии худро, ки минтақа бо онҳо маъруф аст, ба шаҳри Остонаи Қазоқистон мебаранд. Дар пойтахти Қазоқистон рӯзҳои 16-17-уми август ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ ва маснуоти ҳунарҳои мардумии вилояти Суғди Тоҷикистон баргузор мешавад. Бино ба маълумоти мақомоти шаҳри Остона, номгӯйи […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Соҳибкорони вилояти Суғд зиёда аз 1000 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоту мева, хушкмева ва чормағз, инчунин дигар зироатҳои полизии худро, ки минтақа бо онҳо маъруф аст, ба шаҳри Остонаи Қазоқистон мебаранд.

Дар пойтахти Қазоқистон рӯзҳои 16-17-уми август ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ ва маснуоти ҳунарҳои мардумии вилояти Суғди Тоҷикистон баргузор мешавад.

Бино ба маълумоти мақомоти шаҳри Остона, номгӯйи маҳсулот ҳамчунин аз маснуоти дастранҷи ҳунармандон, ки одатан бо анъанаҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ сохта шудааст, иборат хоҳад буд.

Меҳмонону бинандагон аз ярмарка метавонанд маззаи таъомҳои миллиро чашида, инчунин аз фазои бозори шарқӣ бо рафу дӯконҳои савдои ҳарранга, бӯйи хӯришҳову мусиқии зинда ҳаловат баранд.

Ҳадаф аз чорабинии мазкур дастгирии соҳибкорон, рушди робитаҳои байналмилаллии тиҷоратӣ ва фарҳангӣ, инчунин пешбурду муаррифии маҳсулоту ҳунари Тоҷикистон дар бозорҳои беруна унвон мешавад.

Гуфта мешавад, ки чунин ярмаркаҳо ба таҳкими муносибатҳои дӯстона байни халқҳо мусоидат намуда, сокинони Қазоқистонро бо мероси ғании фарҳанги мардум кишварҳои ҳамсоя шинос мекунанд.

Ярмарка рӯзи 16-уми август аз соати 11:00 то 19:00 ва 17-уми август аз соати 10:00 то 19:00 сурат мегирад. Даромадан ба он озодона аст. Он  дар қаламрави “Барис-Арена” баргузор шуда, он ҷо ҳар кадоме метавонад барои худ чизи дилхоҳу ҷолибе пайдо кунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.