Духтари 27-солаи Эмомалӣ Раҳмон сардори яке аз раёсатҳои муҳими Вазорати тандурустӣ таъин шудааст

Фарзонаи Эмомалӣ, яке аз духтарони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон сардори яке аз раёсатҳои муҳими Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон таъин шудааст. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ хабар дода, навиштааст, ки Фарзона Эмомалӣ, сардори Раёсати ислоҳот, кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалии ин вазорат таъин шуд. Ба иттилои манбаъ, ӯ аз соли 2021 […]

Asia-Plus

Фарзонаи Эмомалӣ, яке аз духтарони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон сардори яке аз раёсатҳои муҳими Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон таъин шудааст.

Дар ин бора Вазорати тандурустӣ хабар дода, навиштааст, ки Фарзона Эмомалӣ, сардори Раёсати ислоҳот, кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалии ин вазорат таъин шуд.

Ба иттилои манбаъ, ӯ аз соли 2021 ба ин сӯ, дар ин раёсат ба ҳайси мутахассис фаъолият мекард.

Дар муаррифиномаи вазорат омадааст, ки Фарзона Эмомалӣ 27-сола буда, “пас аз хатми мактаби миёна ба филиали Литсейи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе дохил шуда, онро соли 2014 тариқи экстернат бо атестати аъло хатм кардааст”.

Ӯ соли 2020 факултети тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, соли 2022 ординатураи клиникӣ бо ихтисоси бемориҳои кӯдакона ва соли 2023 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистонро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ хатм кардааст. Дар шарҳи ҳол зикр мешавад, ки ӯ ҳарду донишгоҳро бо дипломи аъло хатм кардааст.

Ба иттилои манбаъ, вай аз соли 2021 ба ин сӯ ба ҳайси мутахассиси Раёсате, ки ҳоло роҳбариашро ба зимма гирифт, фаъолият мекард.

“Маҳз малакаву кордонии мутахассиси ҷавонро ба инобат гирифта, соли ҷорӣ бо фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарзонаи Эмомалӣ сардори Раёсати ислоҳот, кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалии дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд”, – омадааст дар хабари вазорати тандурустӣ.

Гуфта мешавад, ки номбурда узви Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) буда, як фарзанд дорад ва айни ҳол муҷаррад аст. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.