“Обу корези Душанбе” далели фишори пасти оби ошомиданӣ дар бархе хонаҳои пойтахтро шарҳ дод

Корхонаи “Обу корези Душанбе” дар пайи нашри матлаби “Азия-Плюс” дар робита ба бартараф нашудани мушкили қатъи об ва фишори пасти он дар бархе хонаҳои сокинони Душанбе, вуҷуди фишори пасти оби ошомиданиро тасдиқ кард ва далели онро шарҳ дод. Аз ин ниҳод гуфтанд, сабаби аслии ин ҳолат "аз таҳхонаи биноҳо ғайриқонунӣ ба берун кашидани об бе истифодаи обҳисобкунак […]

Asia-Plus

Корхонаи “Обу корези Душанбе” дар пайи нашри матлаби “Азия-Плюс” дар робита ба бартараф нашудани мушкили қатъи об ва фишори пасти он дар бархе хонаҳои сокинони Душанбе, вуҷуди фишори пасти оби ошомиданиро тасдиқ кард ва далели онро шарҳ дод.

Аз ин ниҳод гуфтанд, сабаби аслии ин ҳолат "аз таҳхонаи биноҳо ғайриқонунӣ ба берун кашидани об бе истифодаи обҳисобкунак мебошад”.

Масъулини шаҳрдории Душанбе рӯзи 25-уми июл дар нишасти хабарӣ ваъда доданд, ки то охири моҳи июл мушкили қатъи оби ошомиданӣ ва фишори пасти он дар баъзе минтақаҳои пойтахт бартараф мешавад. Баъди беш аз даҳ рӯзи ин "ваъда", "Азия-Плюс” миёни сокинони пойтахт пурсиш гузаронид ва маълум шуд, ки то ҳол мушкили қатъи об ва фишори пасти он бартараф нашудааст. Дар робита ба ин матлабе бо унвони "Шаҳрдории Душанбе ваъда дод, ки охири моҳи июл мушкили қатъи об ва фишори пасти он ҳал мешавад. Оё бартараф шуд?" нашр кард.

Баъди нашри ин матлаб, масъулини робита бо ҷомеаи корхонаи “Обу корези Душанбе” ба "Азия-Плюс" муроҷиат карданд ва тасдиқ карданд, ки воқеан “рӯзҳои охир дар баъзе минтақаҳои пойтахт паст шудани фишори об мушоҳида мешавад”.

Масъулин ин ниҳод сабаби аслии ин ҳолатро “аз таҳхонаи биноҳо ғайриқонунӣ ба берун кашидани об барои шустани мошин, об задани ҳавлии биноҳо ва қолиншӯйӣ” унвон карданд ва гуфтанд, маҳз ин чиз “боиси паст шудани фишори об дар дигар манзилҳо мегардад”.

Аммо нагуфтанд, ки сабаби қатъи об дар баъзе минтақаҳои пойтахт чӣ аст ва чаро он то ҳол бартараф нашудааст.

Ба қавли манбаъ, корхона барои пешгирӣ ва бартараф кардани истифодаи ғайриқонунии об “бо ҷиддият кор мекунад”, то дар ҳамаи хонаҳои пойтахт оби нӯшокӣ бо фишори лозимӣ таъмин шавад.

Аз ин ниҳод афзуданд, “об аз истгоҳҳои обтаъминкунӣ бо фишори баланд то назди хонаҳои онҳо мерасад” ва “истифодаи оқилонаи худи аҳолӣ кафолати таъмини онҳо бо об аст”.

 

Масъалаи қатъи оби ошомиданӣ ва ё фишори пасти он дар биноҳо, махсусан баландошёнаҳо яке аз мушкилиҳои асосии пойтахт аст, ки қариб ҳамарӯза аҳолӣ аз он шикоят мекунанд. Мақомот сабаби онро ба талафи беҳудаи об аз сӯи аҳолӣ, мушкили қубрҳои дохили хонаи аҳолӣ ва корҳои таъмиру сохтмонӣ рабт медиҳанд, вале сокинон мегӯянд, мушкил дар саргаҳ аст, ки об бо фишори паст меояд.

Зимнан, Баҳром Саидзода, роҳбари КВД “Обу корези Душанбе” дар нишасти хабарии охири шаҳрдорӣ гуфта буд, сабаби қатъи об ва фишори пасти он дар пойтахт “корҳои васл ва пайвасткунии қубурҳои нави обгузар мебошад”.

Ӯ гуфта буд, корҳо қариб ба анҷом расидааст ва интизор меравад, мушкил то охири моҳ (моҳи июл дар назар аст-аз идора) ҳалли худро ёбад.

Аммо то имрӯз сокинони пойтахт дар робита ба ин мушкил шикоят мекунанд ва дақиқ маълум нест, ки мушкил кай ҳалли худро меёбад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио