Дар роҳҳои Бохтар ҳам автобусҳои барқӣ пайдо мешаванд

Дар хатсайрҳои дохилишаҳрии Бохтар ҷои автобусҳои мусофиркашии муқаррарири ҳозираро автобусҳои хурди барқӣ ё электроавтобусҳо мегиранд. Автобусҳои ҳозира дар оянда ба хатсайрҳои берун аз шаҳр сафарбар мешаванд. Дар ин бора Абдулмаҷид Муминзод, раиси шаҳри Бохтар дар нишасти матбуотӣ хабар дод. Ӯ гуфт, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба ҳукумати кишвар ба раиси вилояти Хатлон пешниҳод кардаанд, ки барои […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Дар хатсайрҳои дохилишаҳрии Бохтар ҷои автобусҳои мусофиркашии муқаррарири ҳозираро автобусҳои хурди барқӣ ё электроавтобусҳо мегиранд. Автобусҳои ҳозира дар оянда ба хатсайрҳои берун аз шаҳр сафарбар мешаванд.

Дар ин бора Абдулмаҷид Муминзод, раиси шаҳри Бохтар дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ӯ гуфт, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба ҳукумати кишвар ба раиси вилояти Хатлон пешниҳод кардаанд, ки барои хатсайрҳои дохилии Бохтар автобусҳои хурди барқӣ дастрас кунанд.

“Пешниҳоди мо дастгирӣ ёфт ва созишномаи харидорӣ ва дастрас кардани автобусҳои хурди барқӣ (миниавтобусҳои электрикӣ) дар арафаи ба имзо расидан аст”, – зикр кард Абдулмаҷид Муминзод.

Номбурда нагуфт, ки ин созишнома кай ба имзо расида, чӣ вақт ба Бохтар автобусҳои хурди барқӣ ворид мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, Тоҷиддин Сафарзода, директори КВД “Бохтарнақлиётхизматрасон” ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дар назар аст 47 автобуси хурди барқӣ ба Бохтар ворид гардад.

Абдулмаҷид Муминзод гуфт, ки ворид кардани ин навъи нақлиёт дар доираи марҳилаи дуюми лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон”, ки аз тарафи Бонки рушди аврупо ва таҷдид амалӣ карда мешавад, сурат мегирад. Ба гуфтаи раис, арзиши татбиқи ин марҳила 10 млн доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Бояд гуфт, ки дар марҳалаи якуми ин лоиҳа, бинои КВД “Бохтарнақлиётхизматрасон” сохта шуда, ҳамчунин, 41  автобус харидорӣ шуд. Арзиши марҳалаи аввали лоиҳа 9,2 млн доллари амрикоиро ташкил медод.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.