Дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми футболи Осиё-2023 дар гурӯҳи «F», ки дар Бишкек ҷараён дорад, мунтахаби миллии Тоҷикистон бо ҳисоби 1:0 бар дастаи Сингапур ғолиб омад.
Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, нимҳимоятгар Шервонӣ Мабатшоев дар дақиқаи 53-юми вохӯрӣ муаллифи голи ягона ва пирӯзиовар гардид.
Дар бозии дигари ин гуруҳ соҳибони майдон – мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 2:0 бар тими Мянмар дастболо шуд.
Қобили зикр аст, ки дар даври аввали ин мусобиқа футболбозони тоҷик дастаи Мянмарро бо ҳисоби 4:0 шикаст доданд. Дар ҷадвали гурӯҳи «F» Тоҷикистону Қирғизистон 6-имтиёзӣ ба даст оварда, лекин аз ҳисоби таносуби тӯбҳо (5:0) Тоҷикистон дар зинаи аввал қарор дорад. Аз ин рӯ, барои зинаи аввалро ишғол намудан дар гурӯҳ дар даври охир барои футболбозони тоҷик натиҷаи мусовӣ ҳам кифоя аст.
Ёдрас мекунем, ки марҳилаи интихобии Ҷоми футболи Осиё-2023 дар 6 зергурӯҳ доир мегардад. Ғолибон ва 5 дастаи беҳтарини зинаи дуюми гуруҳҳо ба даври финалӣ роҳ меёбанд.
Дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби Тоҷикистон рӯзи сешанбе, 14-уми июн бо тими мизбон – Қирғизистон бозӣ мекунад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкек баргузор шуда, соати 20:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Даври 3-юм
14 июн (сешанбе)
15:30 – Мянмар – Сингапур
20:00 – Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН
Оғози бозӣ бо вақти Душанбе нишон дода шудааст.