Душанбе. 12-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ояндаи наздик мураббиёни ҷоизадорони бозиҳои тобистонаи Олимпии Пекин – 2008 Расул Боқиев ва Юсуф Абдусаломов ба унвони «Мураббии шоистаи Тоҷикистон» сарфароз мегарданд. Дар ин бора имрӯз дар як нишасти матбуоти раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мамлакат – Маликшо Неъматов иттилоъ дод.
Мавсуф ҳамчунин гуфт, ки чанд рӯз қабл ба барандаи медали биринҷии бозиҳои Олимпии Пекин – дзюдочӣ – Расул Боқиев, ки феълан дар шаҳри Маскав барои иштирок дар Олимпиадаи Лондон-2012 омодагӣ мебинад, ҷоизаи пулӣ супорида шуд. Неъматов аз ифшои миқдори маблағи эътошуда худдорӣ кард, аммо гуфт, ки барои омода намудани Боқиев ба олимпиадаи Пекин аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон 200 ҳазор доллар маблағ ҷудо гардида буд.