Тибқи маълумоти таҳлилгарони Созмони Милали Муттаҳид, то 15 ноябри соли равон шумори аҳолии сайёраи Замин ба 8 млрд нафар мерасад.
Натиҷаҳои гузориши World Population Prospects 2022 ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии нуфуси аҳолӣ, ки 11 июл таҷлил мегардад, дар сомонаи расмии Созмон нашр шудаанд.
Дар гузориш масалан пешгӯӣ шудааст, ки соли минбаъдаи 2023-ум Ҳиндустон аз лиҳози шумори аҳолӣ аз Чин пеш гузашта, сераҳолитарин кишвар дар саросари дунё хоҳад буд.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти СММ, айни замон шумори аҳолии сайёра бо суръати аз ҳама сусттар аз соли 1950 зиёд мешавад: соли 2030 он ба 8,5 млрд нафар ва соли 2050 – то ба 9,7 млрд нафар мерасад.
Муаллифони гузориш зикр мекунанд, ки афзоиши шумори аҳолии ҷаҳон солҳои 2080-ум ба авҷи худ – то 10,4 млрд нафар расида, то соли 2100 дар ҳамин сатҳ боқӣ мемонад.
Ёдрас мекунем, ки то 1 апрели соли 2022 шумори аҳолии доимии ҷумҳурӣ 9 млн 934,4 ҳазор нафарро ташкил дод. То 1 январи соли ҷорӣ ин нишондиҳанда ба 9 млн 890,9 ҳазор нафар баробар буд. Агар афзоиши шумори аҳолии ҷумҳурӣ бо ҳамин суръат идома ёбад, аллакай нимаи дуюми моҳи августи ҳамин сол шумори аҳолии Тоҷикистон ба 10 млн нафар мерасад.
Байни кишварҳои пасошӯравӣ Тоҷикистон аз лиҳози афзоиши шумори аҳолӣ пешсаф аст. Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, давоми 30 сол шумори аҳолии кишвар 76,6% зиёд шудааст.