Дирӯз, 17 июл гурӯҳи аввалини зоирини тоҷик баъди адои маросими ҳаҷ ба ватан баргаштанд. Тавре Афшин Муқим сардори маркази матбуоти Кумитаи дин, танзим, анъана ва ҷашну маросим ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, зоирини баргашта, ки шуморашон 160 нафарро ташкил дод, асосан аз Душанбе будаанд.
Ба гуфтаи номбурда, баъди ворид шудани зоирон ба фурудгоҳи байналмилалии пойтахт аз онҳо тест барои муайян намудани бемории коронавирус гирифта шуда, то ҳол бемори байни зоирон тасдиқ нашудааст.
Хотиррасон мекунем, ки соли равон зимни адои маросими ҳаҷ ду ҳоҷии тоҷик Муҳаммад Расулови 62-сола, сокини шаҳри Исфара ва Қизларгул Тоҷиева, сокини 64-солаи ноҳияи Қубодиён зимни адои маросими ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ фавтидаанд.
Кумитаи дин бо истинод ба сардухтури мавсими ҳаҷ-2022 Тӯрахон Шарифзода хабар дода буд, ки ҳарду зоири тоҷик бинобар сабаби сактаи дил даргузаштаанд.
Гуфта шуд,ки маросими ҷанозаи ҳар ду марҳум дар “Масҷид-ул-ҳаром” баргузор гардидааст.
Ёдрас мекунем, ки имсол 3,5 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф мешаванд. Арзиши сафари ҳаҷ барои тоҷикистониён имсол 60 ҳазору 520 сомонӣ (5 ҳазору 350 доллар) муқаррар шуд.
Қобили зикр аст, ки солҳои 2020 ва 2021 тибқи қарори мақомоти Арабистони Саудӣ, бинобар маҳдудиятҳои карантинӣ ба ҳаҷ рафтан ғайриимкон буд.