spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Қурбон Ҳакимзода: Барои сохтмони обанбори “Кофарниҳони поён” бо Ӯзбекистон гуфтушунид мекунем

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли “Asia-Plus” дар робита ба тақдири сохтмони обанбори “Кофарниҳони поён” гуфт, онҳо бо роҳбарияти вилояти Сурхондарё дар ин масъала гуфтушунид хоҳанд кард.

“Ин лоиҳа аз даврони Шӯравӣ боқӣ мондааст ва яке аз беҳтарин лоиҳаҳои обёрӣ мебошад. Бо сохтмони обанбори мазкур беш аз 37 ҳазор гектар заминҳои бекорхобидаи мавзеъи Қубодиёну Шаҳритус обёрӣ хоҳанд шуд. Мо зимни сафарҳои кории худ ба вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон дидем, ки он мушкилоте, ки мо вобаста бо обёрӣ дар мавзеъи Қубодиёну Шаҳритус дорем, онҳо низ доранд. Мушкили онҳо аз мо дида вазнинтар аст”, – гуфт раиси вилоят.

Қурбон Ҳакимзода ҳамчунин илова кард, ки ин лоиҳа дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон низ дар ҳоли баррасӣ аст.

“Мо дар сафарҳои ояндаи роҳбарияти вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон ба вилояти мо вобаста ба сохтмони ин обанбор суҳбат хоҳем кард”,- гуфт Қурбон Ҳакимзода.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҷойи обанбор

Ёдовар бояд шуд, ки лоиҳаи “Кофарниҳони поён” соли 1984 ба нақша гирифта шуда буд ва он бояд дар дарёи Кофарниҳон сохта мешуд. Маблағи лоиҳавии сохтмони ин обанбор дар соли 1984-ум 249 млн рубли шуравӣ ва ё 416 млн доллари амрикоиро ташкил медод.

Гуфта мешавад, ки лоиҳа бояд дар 4,5 сол хароҷоти худро мепӯшонд. Ҳамчунин дар ин обанбор сохтмони як неругоҳи барқии хурд низ дар нақша аст, ки талаботи обанбор ва маҳаллаҳои гирду атрофи онро бо барқ таъмин мекунад. Мувофиқи маълумотҳои ҳамон замон, аз ҳисоби ба кор андохтани заминҳои бекорхобидаи ин мавзеъ солона иловатан 85 ҳазор тонна пахта истеҳсол карда мешуд.

То солҳои 90-уми асри гузашта корҳои сохтмонӣ оғоз шуда буд. Аллакай дар ин мавзеъ шаҳраки сохтмончиён бо ҳама инфрасохторҳояш сохта шуда буд. Зербинои сарбанди обанбор, ки дарозии 1600 метрро ташкил медиҳад, канда шудааст. Вале баъд солҳои 90-ум – пас аз пошхӯрии Итиҳоди Шӯравӣ корҳои сохтмонӣ қатъ карда шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...