Дар бозии аввали худ дар мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ CAFA-2022 байни футболбозони синни то 19-сола (U-19) мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев тими Афғонистонро бо ҳисоби калони 4:1 мағлуб кард.
Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар медиҳад, нимаи аввали бозӣ мусовӣ – 1:1 анҷом ёфта, дар қисми дуюм ба футболбозони тоҷик муяссар шуд, ки боз 3 тӯби дигар ба дарвозаи ҳариф равон кунанд.
Гуфта мешавад, дар вохӯрии дигари даври дуюми чемпионати CAFA-2022 дастаҳои ҷавонони Қирғизистон ва Ӯзбекистон натавонистанд ба дарвозаи ҳамдигар гол бизананд – 0:0.
Ба иттилои манбаъ, бозиҳои даври сеюм рӯзи 8 август доир мешаванд. Соати 18:00 дастаҳои Эрон ва Афғонистон, соати 21:00 тимҳои Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам вомехӯранд.
Пас аз ду давр дастаи Қирғизистон 4 имтиёз, Тоҷикистон – 3, Ӯзбекистон – 2, Эрон – 1 имтиёзӣ дошта, Афғонистон аз 2 вохӯрӣ ягон хол ба даст наовардааст. Қобили зикр аст, ки дастаҳои Тоҷикистон ва Эрон ҳоло 1-бозӣ гузаронданд.
Федератсияи футболи ҷумҳурӣ таъкид месозад, ки бозиҳои ин мусобиқа дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардида, даромад ба онҳо ройгон аст.