Таҳқиқи парвандаи Далери Имомалӣ, блогери боздоштшудаи тоҷик расман ба поён нарасидааст, гуфтааст Абдураҳмон Шарифов, яке аз адвокатҳои ӯ.
“То ҳол охирин айбро эълон накардаанд, мо – адвокатҳо охирин протоколи шиносшавии парвандаро имзо накардаем. Чунин расмиёт дар парвандаи Абдуллоҳ Ғурбатӣ риоя шуда буд, аз ин лиҳоз таҳқиқи парвандаи Далери Имомалӣ ҳоло ба поён нарасидааст”, – гуфт А. Шарифов.
Наздикони Далери Имомалӣ ҳам дар суҳбат бо “Азия-Плюс” аз ҳолати кунунии парвандаи мазкур изҳори бехебарӣ карданд.
Ин дар ҳолест, ки имрӯз, Радиои “Озодӣ” бо такя ба манбаи худ аз анҷоми таҳқиқи парвандаи Далер ва эҳтимоли ирсоли он ба суд иттилоъ нашр намуд.
Гуфтугузорҳо доир ба анҷом таҳқиқи парвандаи Далер дар ҳолест, ки чанде пеш модари Далер вобаста ба замони анҷоми тафтиши парвандаи писараш изҳори бехабарӣ карда буд.
Далери Имомалӣ, блогери шинохтаи тоҷик, ки ду моҳ қабл боздошт шуд, бо се моддаи Кодекси ҷиноятӣ- моддаи 291 қисми 1 (соҳибкории ғайриқонунӣ), 346 қисми 1 банди “а“ (дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ) ва моддаи нав – 307 прим 3 қисми 2 (иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динии мамнӯъ) айбдор мешавад.
Наздикони Далери Имомалӣ иттиҳоми ифротгароӣ ва ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои дар Тоҷикистон мамнӯъро рад мекунанд.