spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Нафти худӣ дар Тоҷикистон тайи як сол қариб 50% гарон шуд

Дар зарфи 6 моҳи соли равон дар Тоҷикистон ҳудуди 12,7 ҳазор тонна нафт истихроҷ шудааст, ки 3,2% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 аст, хабар медиҳад Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ.

Нархи умумии нафти истихроҷшуда қариб 25,5 млн сомонӣ (ҳудуди 2,5 млн доллар) арзёбӣ мешавад, ки 47,2% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мебошад. Дар Вазорати энергетика сабаби онро “болоравии арзиши маводи сӯзишворӣ” маънидод мекунанд.

Нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ба маблағи 27,4 млн сомонӣ (зиёда аз 3,5 млн доллар) маҳсулоти нафтӣ истеҳсол шудааст.

Аз ҷумла дар ин давра истеҳсоли сӯзишвории дизелӣ беш аз 2 ҳазор тонна, бензин – зиёда аз 20 тонна, мазут – 2,7 ҳазор тонна ва битум – ҳудуди 1,6 ҳазор тоннаро ташкил додааст.

Ҳаҷми истихроҷи гази табиӣ дар нимсолаи аввал тибқи маълумоти Вазорати энергетика, 304 ҳазор метри мураббаъро ташкил додааст, ки 80 ҳазор метри мураббаъ ё худ 20,8% камтар нисбат ба моҳҳои январ-июни соли 2021 мебошад.

Қаблан раҳбарияти Вазорати энергетика изҳор намуда буд, ки сӯзишвории дар кишвар истеҳсолшуда ҳамагӣ ба ҳудуди 5% аз талаботи ҷумҳурӣ ба маҳсулоти нафтӣ баробар аст.

Тибқи маълумоти расмии оморӣ, дар 7 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикитсон зиёда аз 411 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст, ки 27% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мебошад.

Ҳудуди 90%-и маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон аз Русия оварда мешавад. Боз ҳудуди 6%-и аз Қазоқистон ва ба миқдори начандон зиёд аз Ӯзбекистон, Беларус ва Озарбойҷон низ харидорӣ мешавад.

Газу нафти Тоҷикистон

Бино ба маълумоти пешакӣ, Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги сӯзишворӣ аст: зиёда аз 1 млрд тонна нафт ва 6-7 триллион метри мукааби газ, ки зичии нисбии онҳо нисбат ба кишварҳои ҳамсоя баландтар мебошад.

Замони Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) дар Тоҷикистон 23 кони сӯзишворӣ боз шуда, ҳаҷми солонаи истихроҷи нафт то 400 ҳазор тонна ва гази табиӣ – то 500 млн метри мукааб расида буд.

Қаблан собиқ директори генералии “Тоҷикнафт” (солҳои 1981-1988) Набӣ Маликов ба “Азия-Плюс” изҳор намуда буд, ки дар Тоҷикистон 250 майдони ояндадори нафту газ мавҷуд аст, ки зиёда аз 150-тоаш дар ҷануби ҷумҳурӣ ҷойгир мебошад. Ӯ таъкид дошт, ки имрӯз ин майдонҳо ба сармоягузорон тааллуқ дошта, лекин барои азхудкунии захираҳои он маблағгузорӣ намекунанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Бензин ва гази моеъ дар Тоҷикистон боз арзон шуданд. Ин дафъа ҳам 20 дирам

Маликов пешниҳод мекунад, ки иҷозатномаҳои чунин ширкатҳо бозхонд шуда, ҳуқуқи истифодаи майдонҳо ба сармоягузороне дода шавад, ки ба коркарди захираҳо таваҷҷуҳ доранд.

Ба гуфтаи ӯ, азхудкунии ин захираҳо минбаъд ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки натанҳо талаботи дохилиро қонеъ созад, балки ба Чин ва Покистон дар як сол 50-60 млрд метри мукааб гази табиӣ интиқол дода, ҳамасола 5-6 млрд доллар даромад ба даст орад.

Ӯ зикр мекунад, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ барои соҳаи нафту газ “рӯзҳои сиёҳ” фаро расиданд: он бесоҳиб монда, идоракунӣ аз байн рафт, пойгоҳҳои ҳамаҷониба муҷаҳҳаз ва садҳо миллион доллар воситаҳои нафткашон аз байн рафтанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...