Паҳлавони маъруфи кишвар Акмалиддин Каримов дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми поягузорони самбо”, ки 10-11 сентябр дар шаҳри Маскави Русия баргузор шуд, дар риштаи самбои варзишӣ дар вазни -58кг медали тило ба даст овард.
Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, “Ҷоми поягузорони самбо” қаблан ба хотираи Анатолий Харлампиев доир мегашт. Дар мусобиқа дастаи мунтахаби Тоҷикистон иборат аз 11 варзишгар ширкат карданд.
Гуфта мешавад, Акмалиддин Каримов дар самбои варзишӣ, дар вазни -58кг, ки 16 иштироккунанда буд, дар финал Харун Тлишеви русиягиро мағлуб кард ва сазовори медали тило шуд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳисоби даставӣ оид ба самбои варзишӣ миёни мардон мунтахаби Тоҷикистон баъди дастаи мизбон – Русия, ки дар шаш вазни дигар ғолиб омад, мақоми дуюмро касб кард.