spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон аз 100 млн доллар зиёд шуд

Дар зарфи 8 моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон ба маблағи умумии зиёда аз 100 млн доллар кумаки башардӯстона гирифт, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Ҳарчанд шумори кишварҳои мададрасон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 қариб тағйир наёфта бошад ҳам (56 кишвар дар 8 моҳи соли равон ва 55 кишвар – дар ҳамин давраи соли 2021), маблағи умумии кумак 60% афзуд.

Аз рӯи натиҷаҳои соли 2021 ба ҷумҳурӣ аз 62 кишвар ба маблағи умумии 111 млн доллар кумаки ббашардӯстона ворид шудааст.

Кишварҳои асосии мададрасон дар моҳҳои январ-августи соли равон инҳо мебошанд: ИМА (33% аз маблағи умумии арзиш), Чин (28,7%), Ҳиндустон (5,9%), Ҷопон (4,7%), Русия (3,2%), Нидерланд (2,3%), Шветсия (2,2%), Дания (1,6%), Ӯзбекистон (1,5%).

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Тоҷикистон ягона кишвари пасошӯравӣ миёни камбизоаттаринҳо аз рӯи ҳаҷми ММД ба сари аҳолӣ аст

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон дар байни 30 кишвари бештар камбизоати ҷаҳон қарор дорад, ки кумаки башардӯстона (молу маҳсулоти гуногун), инчунин аз ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ кумак пулӣ – грант, қарзҳои имтиёзнок (аз 0 то 2%) ва кумаки техникӣ мегиранд.

Байни кишварҳои пасошӯравӣ Тоҷикистон ягона давлате боқӣ мемонад, ки тибқи таснифи Бонки ҷаҳонӣ аз рӯи сатҳи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба  ҳар сари аҳолӣ дар сафи кишварҳои сатҳи даромадашон паст қарор дорад.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) чунин кишварҳо ба ҳар сари аҳолӣ камтар аз 1026 долларрро ташкил медиҳад. Дар соли 2021 ММД-и Тоҷикистон ба ҳар сари аҳолӣ ба 886 доллар баробар шуд.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҶТ, аз рӯи натиҷаҳои соли 2021 ММД-и ҷумҳурӣ ба 98,9 млрд сомонӣ (ҳудуди 8,8 млрд доллар) баробар шуда, шумори аҳолии доимии кишвар то 1 январ ба 9 млн 934,4 ҳазор нафар расид.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...