Гардиши моли хориҷии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-августи соли равон ҳудуди 4,8 млрд долларро ташкил дод, ки 18,4% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 аст, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.
Маблағи содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон наздики 1,5 млрд доллар ва воридоти он ҳудуди 3,3 млрд долларро ташкил дода, ба ин тариқ, касри тавозуни савдо қариб ба 1,8 млрд доллар баробар шуд.
Дар муқоиса бо моҳҳои январ-июли соли 2021 ҳаҷми содирот ба андозаи 6% ва воридот – 25,1% афзудааст.
Қисмати бештари маҳсулоти содиротии Тоҷикистон аз ашёи хоми гуногун иборат аст. Аз ҷумла, содироти маҳсулоти минералӣ (семент, неруи барқ, консентрат ва ғайра) 38,5%, сангу фулузот (металлҳо)-и қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо – 27,8%, фулузоти нимқиматбаҳо (алюминий) ва маснуот аз он – 15,5%, маводи нассоҷӣ ва маснуот аз он – 13,1% аз ҳаҷми умумии содиротро ташкил медиҳанд.
Мавқеи асосиро дар воридот маҳсулоти минералӣ (маҳсулоти нафтӣ, гази моеъ, ангишт ва дигар маҳсулот) – 18,9% (аз ҳаҷми умумии воридот), мошин ва таҷҳизот – 12,9%, фулузоти арзон ва маснуот аз он – 10,6%, маҳсулоти саноати кимиё – 10,3%, маҳсулоти тайёри хӯрокворӣ – 8,7%, маҳсулоти растанӣ – 8,1% ва ғайра ташкил медиҳанд.
Дар моҳҳои январ-августи соли равон Тоҷикистон бо 101 кишвари саросари дунё муомилоти молӣ анҷом додааст.
Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Русия (22,4% дар савдои хориҷии Тоҷикистон), Қазоқистон (19%) ва Чин (18%) боқӣ мондаанд.
Маҳсулоти Тоҷикистон дар ин давра асосан дар бозорҳои Қазоқистон (22% аз ҳаҷми умумии содирот), Чин (18%), Ӯзбекистон (9,1%) ва Афғонистон (5,2%) фурӯхта шудааст.
Молу маҳсулот ба Тоҷикистон асосан аз Русия (30,9% аз ҳаҷми умумии воридот), Чин (18,2%), Қазоқистон (17,6%) ва Ӯзбекистон (7,1%) оварда шудааст.