Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми ҳамин сол хариду фурӯши сабикаи тиллоро тариқи дастгоҳи махсуси худкор (автоматҳо) ба роҳ монад. Дар Душанбе насби дастгоҳи махсус ба мисли банкоматҳои гирифтани пули нақд пешбинӣ мешавад, ки он ба хариду фурӯши сабикаи тилло имкон медиҳад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии рӯзи 11 феврал дар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми ҳамин сол хариду фурӯши сабикаи тиллоро тариқи дастгоҳи махсуси худкор (автоматҳо) ба роҳ монад. Дар Душанбе насби дастгоҳи махсус ба мисли банкоматҳои гирифтани пули нақд пешбинӣ мешавад, ки он ба хариду фурӯши сабикаи тилло имкон медиҳад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии рӯзи 11 феврал дар Душанбе раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ Фирдавс Толибзода хабар дод.

Ин, ба гуфтаи ӯ, дастрасии аҳолиии кишварро ба харидани сабикаҳои тилло васеъ ва осонтар мегардонад.

Ахиран дастгоҳҳо (автоматҳо)-е пайдо шуданд, ки ба монанди банкоматҳои гирифтани пули нақд,  ба харидану фурӯхтани сабикаҳои тилло имкон медиҳанд. Ин дастгоҳҳоро маъмулан автоматҳо барои фурӯши сабикаи тилло (gold vending machines) меноманд. Онҳо ба мисли банкоматҳи маъмулӣ кор мекунанд, вале дар онҳо ба ҷойи гирифтани пули нақд, метавон сабикаи тилло ё тангаҳо харид.

Маъмулан ин дастгоҳҳо дар марказҳои бузурги савдо, фурудгоҳу вокзал ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ насб карда мешаванд. Ҷараёни харид аз интихоби сабика, пардохт тариқи корти бонкӣ ва гирифтани сабикаи интихобшуда иборат аст. Дар баъзе ҳолатҳо дастгоҳ ҳамчунин метавонад имкони бозпас фурӯхтани тиллоро низ пешниҳод намояд.

БМТ моҳи июни соли 2017 сабикаҳои тиллои ченшудаи поккоришударо ба муомилоти озод баровард. Фурӯши онҳо дар дафтари кории марказии Бонки миллӣ дар Душанбе ва шуъбаҳои минтақавии он ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин сабикаҳои тиллоро метавон дар дафтарҳои кории баъзе бонкҳои тиҷоратии кишвар, аз ҷумла “Амонатбонк”, “Спитамен бонк”, “Алиф Бонк” харидорӣ кард.

Ба гуфтаи раиси Бонки миллӣ, соли 2025 ба маблағи 224 млн сомонӣ бо вазни умумии 200 кг сабикаҳои тилло фурӯхта шудааст. Ӯ илова намуд, ки харидорони асосии сабикаҳо шахсони воқеӣ мебошанд.

Мутахассисони БМТ арзиши сабикаҳоро ҳамарӯза бар асоси нархҳои унсияи Труа (31,1034768 грамм)-и тилло аз рӯи натиҷаҳои фиксинг (сабти нарх)-и субҳи байнибонкӣ дар Лондон муайян ва муқаррар мекунанд.

Ҳамчунин, хароҷоти воқеӣ барои тайёр кардани сабикаҳои ченшудаи тилло, нақлиёт ва суғурта, инчунин боҷҳои гумрукӣ ба назар гирифта мешаванд. Барои истеҳсоли сабикаҳо аз тиллои дар кишвар истихроҷшуда истифода мешавад.

Бино ба маълумоти ин ниҳод, давоми соли 2025 арзиши сабикаи 5-грамма ба маблағи 1 832.19  сомонӣ (38,34%38 сомонӣ) афзуда, дар рӯзи 1-уми январи соли равон 6610,42 сомониро ташкил дод. Ҳамчунин сабикаҳои тиллои вазнашон 10, 20 ва 50 грамм низ ба фурӯш гузошта шудааст. Бояд гуфт, ҳар қадаре вазни сабикаи ченшуда зиёдтар бошад, тилло ҳамон қадр ба харидор арзонтар фурӯхта мешавад.

Арзиши сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи 11 феврали ба маблағи зерин муқаррар карда шудааст:

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.