spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

“Намешавад гӯем, ки тоҷикҳо наоед”. Муовини сарвазири Қирғизистон сабаби бекор кардани тамринҳои СААД-ро шарҳ дод

Эдил Байсалов, муовини раиси Девони вазирони Қирғизистон сабаби бекор кардани тамринҳои СААД – “Бародарии шикастнопазир – 2022” дар кишвараш ва худдорӣ аз иштирок дар тамринҳои “Сарҳад-2022” дар Тоҷикистонро мухолифати афкори ҷамъиятӣ ба ин тамринҳо унвон кардааст. Дар ин бора ӯ ба РИА Новости иброз намудааст.

“Мо узвияти комилан шикастнопазири СААД-ро дорем, мо бо ин созмон, бо мандат, бо рисолат ва оинномаи он ягон мушкил надорем. Аммо, албатта, бо назардошти рӯйдодҳои ахир, ҳоло аламҳо тоза аст", – гуфтааст ӯ ба хабарнигори РИА дар Маркази сиёсати амниятӣ дар Женева ва мушаххас кардаст, ки сухан дар бораи даргириҳои низомӣ бо "ҳамсояи тоҷик"-аш меравад. "Вазъият тавре шакл гирифтааст, ки афкори ҷамъиятии Қирғизистон аз ҳузури ҷузъу томҳои мусаллаҳи ҳамсояи тоҷики мо дар ин машқҳо истиқбол нахоҳад кард", – афзудааст Байсалов.

Қаблан мақомоти Қирғизистон аз бекор кардани тамринҳои СААД –  “Бародарии шикастнопазир – 2022” дар кишварашон ва худдорӣ аз иштирок дар тамринҳои “Сарҳад-2022” дар Тоҷикистон иттилоъ дода буданд, аммо дақиқан сабабашро шарҳ надода буданд.

Ҳамакнун, ин аввалин мансабдори воломақоми Қирғизистон аст, ки расман сабаби катъи тамрин ва худдорӣ аз иштирок дар тамринҳои Тоҷикистонро шарҳ медиҳад.

"Вале бе онҳо (Тоҷикистон – идора.) намешавад гӯем, ки "шумо намеоед, аммо қазоқҳо, русҳо ва белорусҳо биёед”. Ин тавр намешавад, мо маҷбур шудем. иштирокро лағв кунем ва дар тамоми пойтахтҳои давлатҳои аъзои СААД мутлақо ин тасмими моро дарк мекунанд. Аммо мо аз он нигаронем, ки ин тасмими мо нодуруст шарҳ дода мешавад ва тахминҳо дар ин бора комилан бемасъулиятона аст”, – хулоса кардааст Эдил Байсалов.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон дар масъалаи мушаххассозии хати сарҳад миёни ду кишвар баҳсҳои шадид доранд ва баъзан ин баҳсҳо боиси сар задани муноқиша дар сарҳад низ мешавад. Охирин муноқишаи мусаллаҳона дар сарҳади ин ду кишвар 14-17-уми сентябри соли ҷорӣ рух дод, ки дар натиҷаи он аз ҳар ду ҷониб даҳҳо нафар куштаву садҳо каси дигар захмӣ шуданд.

Пас аз имзои созиши ду ҷониб барои ба эътидол овардани вазъ дар сарҳад ва ҳалли мусолиҳатомези баҳсҳои ҷойдошта, мансабдорони Қирғизистон ба истифодаи суханҳои иғвоангез нисбати Тоҷикистон идома медиҳанд, ки чандин маротиба боиси нигаронии ҷониби Тоҷикистон шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...