Душанбе. 30-юми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири умури дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадназар Солеҳов аз вазифа сабукдӯш гардид.
Бо фармони сарвари давлат ба вазифаи вазири умури дохилии кишвар Абдураҳим Қаҳҳоров, ки қаблан ба ҳайси сардори Раёсати умури дохилии вилояти Суғд ифои вазифа менамуд, таъин карда шуд. Фармонҳои мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.