spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Мо таърихи кишварро инъикос мекунем!

ASIA+ гурӯҳи расонаҳои мустақилест, ки аз соли 1996 дар бозори иттилоотии Тоҷикистон ҳузур дорад. Мо матолиби хабарӣ, таҳлилӣ ва фароғатиро дар пойгоҳҳои гуногуни рақамӣ (вебсайт, шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳо (мессенҷерҳо) ва суннатӣ (радио, расонаҳои чопӣ) таҳия ва нашру паҳн мекунем. 

Хабаргузорӣ 

Хабаргузории/АИ “Азия-Плюс” тирамоҳи соли 1995 дар Вазорати адлияи ҶТ сабти ном шудааст. Моҳи апрели соли 1996 шумораи якуми варақаи иттилоотии “Азия-Плюс” нашр шуда буд. Имруз матолиби иттилоотӣ ва таҳлилӣ он бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ – таҳияву нашр мешаванд.

Газета

Ҳафтаномаи ASIA+ аз моҳи январи соли 2000-ум нашр мешавад. Маъруфтарин нашрияи русизабони Тоҷикистон аст.  Ҳафтае як маротиба ба чоп расида, дар саросари кишвар паҳн мешавад.

Радио

Радиои ASIA+ – аввалин радиои мустақили Душанбе мебошад. 9 сентябри соли 2002 нахустин барномаҳои худро нашр кард. Реҷаи пахши барномаҳо – 24/7. Забонҳо: тоҷикӣ ва русӣ. Қаламрави нашр: Душанбе ва Бохтар (107FM), Хуҷанд (104,4FM).

ТВ-продакшн

ТВ-продакшн студия ҳамаи навъҳои матолиби видеоӣ – гузоришҳои иттилоотӣ, наворҳои рекламавӣ, намоҳангҳо (клипҳо), филмҳои мустанад ва гайрро таҳия мекунад.