Душанбе. 16-уми феврал – Дастаи «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, барандаи медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон, дар Ҷоми президенти Туркманистон ширкат хоҳад кард.
Понздаҳумин давраи ин мусобиқаи байнулмилалӣ аз 19-ум то 28-уми феврал дар шаҳри Ишқобод баргузор хоҳад шуд.
Маблағи умумии ҷавоизи мусобиқа 35 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дастаи ғолиб соҳиби Ҷоми президенти Туркманистон ва 20 ҳазор доллар мешавад. Ба дастае, ки ҷои дуввумро мегирад, 10 ҳазор доллар супурда хоҳад шуд. Дастае, ки севум мешавад, бо 5 ҳазор доллар сарфароз мегардад.
Воқеъан, дастаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров соли 2005 бо ҷоизаи севум мукофотонида шуда буд, ки ин то ҳоло беҳтарин дастоварди футболбозони тоҷик дар Ҷоми президенти Туркманистон мебошад. Дар ин бора радиои Озодӣ хабар медиҳад.