spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Г.Кошлаков: Нофаҳмост, ки чӣ тавр метавон сохтмони нотамомро ба феҳристи иншооти ғайриқобили хусусигардонӣ шомил кард


Душанбе. 26-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ зимни ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи хусусигардонии амволи давлатӣ» намояндагони мардумӣ оид ба ғайриқобили хусусигардонӣ будани нерӯгоҳҳои Нораку Роғун ва КВД «Талко» қарор ба тасвиб расониданд.




Зимни шарҳи масъалаи мазкур мудири кафедраи менеҷменти Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Георгий Кошлаков дар сӯҳбати ихтисосӣ бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» чунин ибрози ақида намуд, ки ба ӯ нофаҳмост, ки чӣ тавр метавон сохтмони нотамомро ба феҳристи иншооти ғайриқобили хусусигардонӣ шомил кард.



Коршинос мегӯяд, дар таҷрибаи ҷаҳонӣ чунин ҳодисаро дар хотир надорад. Ӯ изҳор дошт, ҳангоме иншоот ҳанӯз бунёд наёфтаву мушаххас нест аз ҳисоби кадом воситаҳо сохта мешавад, қабули қонун ва изҳори ғайриқобили хусусигардонӣ будани он мантиқан дуруст нест. «Тоҷикистон метавонад дар ин хусус танҳо дар сурати аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ бунёд ёфтани иншоот ҳарф занад, ки ман ба ин алҳол шубҳа дорам», – гуфт ӯ.



Г.Кошлаков хотиррасон кард, ки ҳукумати ҷумҳурӣ чандин маротиба изҳор дошт, сохтмони нерӯгоҳ тавассути таъсиси Консорсиюми байнулмилалӣ идома дода мешавад ва дар он метавонанд кишварҳо ва созмонҳои хориҷӣ, аз ҷумла бахши соҳибкории хусусӣ низ ширкат варзад.


Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...