Душанбе. 1-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Маҳмадсаид Убайдуллоев чанде қабл ҳайати парлумонии Русия таҳти сарварии муовини раиси Шӯрои федератсияи маҷлиси федеролии Русия, раиси Шӯрои кории СҲШ Дмитрий Мезентсевро ба ҳузур пазируфт.
Чӣ тавре ки ёвари раиси ММ МО ҶТ Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкорҳои байнипарлумонии кишварҳо ва натиҷаҳои форуми саввуми байнипарлумонии «Тоҷикистону Русия: имконоти ҳамкории минтақавӣ»-ро, ки моҳи октябри соли гузашта дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд баргузор шуданд, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ба гуфтаи Ш.Саидов дар вохӯрӣ ҳамчунин масъалаи ҷараёни корҳои омодагӣ ба мулоқоти навбатии роҳбарони парлумонҳои кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар
соли ҷорӣ муҳокима шуд.