Душанбе. 8-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе иҷлосияи 19-уми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ баргузор мешавад.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари раиси ММ МО ҶТ Шавкат Саидов хабар дод, ба баррасии аъзои палатаи болоии парлумони кишвар Қонунҳои ҶТ «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ», «Дар бораи маълумоти олӣ ва касбии баъд аз маълумоти олӣ», «Дар бораи ҳадди аққали маблағи рӯзгузаронӣ» ва як қатор асноди қонунгузории марбут ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ пешниҳод мегардад.