Намоишномаи «Рустам ва Сӯҳроб»-ро дар театри ҷавонон ҳамаи донишҷӯёну омӯзгорони ДМТ тамошо мекунанд

Душанбе. 26-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидови пойтахт намоиши спектакли «Рустам ва Сӯҳроб» барои донишҷӯёну омӯзгорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шурӯъ мегардад. Тавре муовини директори театр Зиёбой Тошев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, намоиши спектакл то 20-уми март идома ёфта, дар ин давра бо ташаббуси ректори ДМТ Нуриддин Саидов […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 26-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидови пойтахт намоиши спектакли «Рустам ва Сӯҳроб» барои донишҷӯёну омӯзгорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шурӯъ мегардад.




Тавре муовини директори театр Зиёбой Тошев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, намоиши спектакл то 20-уми март идома ёфта, дар ин давра бо ташаббуси ректори ДМТ Нуриддин Саидов ҳамаи донишҷӯёну омӯзгорони донишгоҳ аз он баҳрабардорӣ хоҳанд кард.



Ба гуфтаи З.Тошев, намоишномаи мазкур ахири моҳи январ дар ҷашнвораи театрии «Даҳаи фаҷр» дар Эрон сазовори Шоҳҷоиза (4 ҳазор $) гашт. Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Қурбони Саид низ дар озмуни беҳтарин нақши мардона соҳиби Шоҳҷоиза шуд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.