Дар Тоҷикистон баъзе ғизои кӯдаконаи тамғаи “Нутрилон” ва “Малютка”-ро аз фурӯш бозпас мегиранд

Идибеки Саид, Asia-Plus

Оҷонсии “Тоҷикстандарт” ба сокинони кишварн ҳушдор додааст, ки баъзе силсила (партия)-и ғизои кӯдаконаи тамғаи “Нутрилон” ва “Малютка”-ро, ки ширкати “DANONE” истеҳсол мекунад, истифода набаранд ва агар харидорӣ карда бошанд, бозпас баргардонанд. Ин ниҳод бо нашри як иттилоия навиштааст, ки ин маҳсулот дар асоси муроҷиати расмии ширкати воридкунанда – ҶДММ “Рушон” “аз муомилот бозхонд ва аз […]

Оҷонсии “Тоҷикстандарт” ба сокинони кишварн ҳушдор додааст, ки баъзе силсила (партия)-и ғизои кӯдаконаи тамғаи “Нутрилон” ва “Малютка”-ро, ки ширкати “DANONE” истеҳсол мекунад, истифода набаранд ва агар харидорӣ карда бошанд, бозпас баргардонанд.

Ин ниҳод бо нашри як иттилоия навиштааст, ки ин маҳсулот дар асоси муроҷиати расмии ширкати воридкунанда – ҶДММ “Рушон” “аз муомилот бозхонд ва аз нуқтаҳои савдо гирифта мешавад”.

“Тибқи иттилои ширкати истеҳсолкунандаи “DANONE” дар таркиби сислсила (партия)-и муайяни маҳсулоти мазкур, эҳтимоли вуҷуд доштани токсини сереулид мебошад”, – иттилоъ медиҳад манбаъ.

Сереулид токсинест, ки аз он баъзе навъҳои бактерияҳои “Bacillus cereus” ҳосил мекунад. Он метавонад боиси пайдоиши босуръати нишонаҳои заҳролудшавӣ аз ғизо, аз ҷумла дилбеҳузурӣ, қайкунӣ ва дарди шикам гардад.

“Тоҷикстандарт” мегӯяд, танҳо силсилаҳои муайянаи омехтаҳои хушки ширӣ, шири турши кӯдакона ва ҳамчунин, ғизои махсуси кӯдаконаи зерини ширкати "DANONE" бо тамғаи “Нутрилон” ва “Малютка” бозхонд карда мешаванд:

NUTRILON PREMIUM 1400 гр – силсилаҳои 20261119, 20260808;

NUTRILON PREMIUM 2400 гр – силсилаҳои 20260812, 20261014, 20261125, 20261222;

NUTRILON PREMIUM BIG 1600 гр – сислсилаҳои 20260807, 20260912, 20261112, 20261210;

NUTRILON PREMIUM BIG 2600 гр – силсилаҳои 20260808, 20261009, 20261112, 20261210, 20261230;

MALYUTKA 1 GOLD 600 гр – силсилаҳои 20260808, 20261111, 20261210, 20261230;

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон

MALYUTKA 1 GOLD 300 гр – силсилаҳои 20260806, 20261014, 20261203, 20270107.

Ин ниҳод мегӯяд, ҳушдор ба дигар силсилаҳои ин маҳсулот дахл надорад ва шаҳрвандон метавонанд аз дигар силсилаҳои истеҳсолшудаи маҳсулоти ширкати “DANONE” харидорӣ ва истифода кунанд.

“Тоҷикстандарт” гуфтааст, сокинони кишвар барои бозгардонидани маҳсулот метавонанд бо рақамҳои зерин тамос гиранд:

Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – +992 934444899, +992 939998153

Вилояти Суғд – +992 934444899,

Вилояти Хатлон – +992 934444899, +992 938804954

Ин бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон маҳсулоти ғизои кӯдакона аз фурӯш гирифта мешавад. Чанде пеш дар кишвар баъзе силсилаҳои ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” низ, ки “Nestlé” истеҳсол мекунад, бозхонд ва аз фурӯш гирифта шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.