Ҳамла ба мактаб ва куштори кӯдакон дар Миноб. Ҷинояте, ки метавонад поёни кори Доналд Трамп ва вазири ҷангаш бошад

Дар оғози ҷанги Амрикову Исроил алайҳи Эрон мактаби “Шаҷараи тайиба”-и шаҳристони Миноб дар ҷануби Ҷумҳурии исломӣ мавриди ҳадаф қарор гирифт, ки беш аз 170 хонанда ва даҳҳо омӯзгор ҷон бохтанд. Ин ҷинояти даҳшатбор, ки дар оғоз аз сӯйи расонаҳо нодида гирифта шуд ва аз сӯйи раисҷумҳуру вазири ҷанги Амрико кӯшиши инкори он мушиҳида шуд, ҳамакнун бештар таҳқиқ ва дасти Амрико дар он рӯшантар мешавад.

Гузоришҳои расонаҳо ва эътирофи аввалияи мақомдорони амрикоӣ ҳокӣ аз он аст, ки ба эҳтимоли қавӣ Амрико ба куштори кӯдакон даст зада, на Эрон. Ва изҳори назари Доналд Трамп, раисҷумҳур ва Пит Ҳегсет, вазири ҷанги Амрико дар бораи “танҳо Эрон ба куштори одамони ғайринизомӣ даст мезанад” гувоҳӣ бемасъулиятии ин ду аст. Ва ҳоло Кунгураи Амрико аз мақомдорони кишвараш, аз ҷумла Пит Ҳегсет талаб кардааст, ки дар бораи ҳамла ба мактабе дар Эрон ва куштори қариб 170 кӯдак гузориш ва натиҷаи таҳқиқ пешниҳод кунад. Чунин ба назар мерасад, ки ин қазияи риққатовар ва ҷинояти даҳшатбор домани вазири ҷангу раисҷумҳури Амрикоро ба ин наздикӣ раҳо нахоҳад кард ва эҳтимол дорад, поёни корашонро наздик кунад.

Дар ин матлаб талош кардем ҷузъиёти бештари ин ҳодисаро бозгӯӣ кунем.

 

Дар Миноб чӣ гузашт?

Рӯзи 28-уми феврал, нахустин рӯзи ҷанги Амрико ва Исроил алайҳи Эрон, дар шаҳри Миноби устон (вилоят)-и Ҳурмузгон дар ҷануби Эрон, мактаби ғайридавлатии “Шаҷараи тайиба”, ки хонандагони 7 то 12-сола дар он дарс мехонданд, мавриди ҳадаф қарор дода шуд.

Тавре мақомоти расмии Эрон ва расонаҳо иттилоъ доданд, ҳамлаҳо замоне сурат гирифтанд, ки волидайн кӯдаконашонро ба мактаб мебурданд ва синфҳо пур аз шогирдон буданд.

Тибқи маълумоти Вазорати омӯзиш ва парвариши Эрон, дар он рӯз 264 хонанда дар мактаб буданд. Дигар манобеъ 170 нафарро зикр кардааст. Занги тафреҳ буд, ки мавҷи аввали ҳамла сурат гирифт.

Ин мактаб, тибқи гуфтаи шоҳидон ва тадқиқоти мустақили расонаҳо, се маротиба мавриди ҳамла қарор гирифт. Ба гувоҳии ду табиби Ҳилоли Аҳмар, баъд аз зарбаи аввал, мудири мактаб гурӯҳе аз хонандагонро ба намозхона бурд ва ба волидайн занг зад, то кӯдаконашонро таҳвил гиранд. Баъд зарбаи дуввум омад ва ҳамон паноҳгоҳро нобуд кард. Зарбаи саввум боқимондаи сохтмони дуошёнаро тамоман вайрон сохт.

Боми мактаб фурӯ рехт ва садҳо тан, аксарашон духтарчаҳои хурдсол, зери харобаҳо монданд. Тасвирҳои пас аз ҳодиса расонаишуда ҷомеаи ҷаҳониро такон дод: кӯдакони беҳолу беҷон дар дасти наҷотдиҳандагон, китобу дафтарҳои хунолуд, мизу курсии мактаб дар байни харобаҳо…

Дар наздикии ин мактаб пойгоҳи низомии марбут ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ (СПИИ) мавҷуд буд, ки он ҳам мавриди ҳадаф қарор дода шуд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Харитаи мактаб ва пойгоҳи низомӣ

Омори қурбониён аз манбаъҳои гуногун

Иброҳим Тоҳирӣ, додситони шаҳри Миноб эълон кард, ки дар пайи ин таркиш 165 тан кушта ва 96 каси дигар маҷруҳ шуданд, ки аксарашон хонанда будаанд. Дигар манбаъҳои расмии эронӣ рақами 168 ва дар баъзе гузоришҳо то 180 тани қурбонишуда зикр шудаанд. Аз байни кушташудагон тахминан 110 нафар кӯдак (аз ҷумла 66 писар ва 54 духтар), 26 омӯзгори зан ва 4 тан падару модар буданд. Мудири мактаб низ ҷон бохтааст.

Дар ҳамон рӯз, баъд аз ҳамла ба мактаб, дармонгоҳи ин шаҳр низ мавриди ҳадаф қарор гирифт ва ин вазъи захмиёнро боз ҳам бадтар кард. Хонаводаҳои мотамзада барои гирифтани ҷасади фарзандонашон ба беморхонаҳо рафтанд, вале сардхонаҳои Миноб пур аз ҷасад буданд, ҳатто баъзе ҷасадҳоро дар мошинҳои яхдондор нигоҳ медоштанд. Амалиёти наҷот рӯзи 1-уми март ба поён расид, вале бо талафоти сангин…

Рӯзи 3-юми март маросими дастаҷамъии таъзия дар майдони шаҳри Миноб баргузор шуд. Ҳазорҳо тан ширкат карданд. Тасвирҳои расонаишуда нишон медиҳанд, ки беш аз 100 қабр дар паҳлӯи ҳам канда шудаанд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Маконҳои дафни кӯдакони қурбонишуда

 

Аввалин паёми Муҷтабо Хоманаӣ

Муҷтабо Хоманаӣ, раҳбари нави олии Эрон дар аввалин изҳороти худ аз "интиқоми хуни шуҳадо" сухан кард ва гуфт, вақти ситонидани он аз душман "нисбат ба хуни атфол ва кӯдаконамон ҳассосияти бештаре хоҳем дошт". Ӯ ваъда кард, ки ҷинояти дар мадрасаи "Шаҷараи тайиба"-и Миноб ҳатман таҳқиқ ва расидагӣ хоҳад шуд.

 

Пизишкиён, мансабдорон ва таҳлилгарони эронӣ чӣ мегӯянд?

Масъуд Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон, ҳамла ба мактаби шаҳри Минобро кори дасти Амрико ва Исроил номида, гуфт, он “ҳеҷ гоҳ аз хотираи таърихии миллати мо зудуда нахоҳад шуд”.

Аббос Арақчӣ, вазири умури хориҷа дар шабакаи X акси харобаи мактабро нашр карда, навишт: “Ин бино дабистони духтарон дар ҷануби Эрон аст. Дар рӯзи равшан, замоне ки аз шогирдон пур буд, бомборон шуд. Даҳҳо кӯдаки бегуноҳ дар ин ҷой кушта шуданд… Ин ҷиноятҳо алайҳи мардуми Эрон бепосух нахоҳанд монд”.

 

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон ҳамларо “ҷинояти ошкор” хонда, онро маҳкум кард ва аз Шӯрои амнияти СММ хост, ки “дар чорчӯби масъулиятҳои аввалияаш тибқи Оиннома амал кунад”.

Раиси дадгустарии вилояти Ҳурмузгон хабар дод, ки “боқимондаҳои бомбҳои истифодашуда аз мавзеъ гирифта, барои тафтиш интиқол дода шуданд”. Маъмурони шаҳри Миноб гуфтанд, ки мактаб “15 сол пеш аз пойгоҳи Сипоси посдорон ҷудо карда шуда буд”.

 

Рӯзгори сиёҳи волидон: шоҳиди ҷонбозии фарзандон…​​​​​​​

Вақте хабари ҳамла паҳн шуд, волидони нигарон ба майдони мактаб давидаанд. Нерӯҳои амниятӣ кӯшиш мекарданд мардумро аз бинои вайроншуда дур нигоҳ доранд, зеро хатари ҳамлаи дигарбора вуҷуд дошт. Аммо волидони фарзандгумкарда, ки садои фарзандонашонро аз зери харобаҳо мешуниданд, ба ҳеҷ чиз нигоҳ накарда, бо дастҳои холӣ хоку сангҳоро меканданд.

Дар пайи ҳамла ба мактаби Миноб, расонаҳои эронӣ бо волидоне суҳбат кардаанд, ки дар миёни обу оташ фарзандони худро меҷустанд. Яке аз онҳо нақл мекунад: “Аз мактаб занг зада, гуфтанд, ки духтарам зинда аст. Бо умед ба роҳ баромадам, то ӯро ба хона биёрам. Вале пеш аз он ки ба мактаб бирасам, зарбаи дувум омад ва ҳама умедҳоямро ба хок яксон кард”.

Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд ва ҷаҳонро такон дод, марде дида мешавад, ки аз зери вайронаҳо китобу дафтарҳои хунолудро пайдо карда, бо фарёд мегӯяд:

“Ин китобҳои кӯдаконест, ки ҳоло зери ин вайронаҳо мондаанд. Хуни онҳоро мебинед? Инҳо сарбоз набуданд ва ба ҷанг нарафта буданд. Ин ҷо дабистон буду онҳо танҳо барои дарс хондан омада буданд!”.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Амалиёти наҷот дар мактаби Миноби Эрон, 28-уми феврал.

Трамп ва маъмурони амрикоӣ​​​​​​​ чӣ гуфтанд?

Вокуниши мақомоти расмии Амрико ба ҳодисаи ахир якхела набуд: онҳо ҳамзамон ҳам инкор мекарданд, ҳам шубҳа меандохтанд ва ҳам ваъдаи тафтишоти тӯлонӣ медоданд.

Тавре Reuters менависад, генерал Дэн Кейн, раиси Ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи ИМА, рӯзи 2-юми март ошкоро харитаи ҳамлаҳоро нишон дода, гуфт, ки ҳадафи онҳо заиф кардани нерӯҳои баҳрии Эрон дар минтақаи ҷануб аст. Нуктаи муҳим ин аст, ки дар ин нақша шаҳри Миноб низ ҳамчун ҳадаф ишора шуда буд.

Пит Ҳегсет, вазири мудофиаи Амрико бошад, рӯзи 4-уми март аз додани ҷавоби мушаххас худдорӣ карда, танҳо гуфт, “мо ҳодисаро тафтиш мекунем”. Вале дар ҳамон нишаст харитае нашр шуд, ки боз ҳам шаҳри Минобро дар маркази ҳамлаҳои Амрико нишон медод.

Доналд Трамп, раисҷумҳури ин кишвар, рӯзи 7-уми март бидуни пешниҳоди ягон ҳуҷҷат, худи Эронро гунаҳкор карда, гуфт, силоҳҳои Эрон дақиқ нестанд ва эҳтимол дорад, ки онҳо иштибоҳан ба худашон зарба зада бошанд. Иддаое, ки аксар коршиносон ғайримантиқӣ, дурӯғи маҳзи хоси Трамп медонанд.

Ҳамзамон, Фармондеҳии марказии Амрико (СЕНТКОМ) хабар дод, ки гузоришҳо дар бораи зарар дидани мардуми мулкиро гирифтаанд ва онҳоро меомӯзанд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Чап: Тасвире, ки мушаки Томагавкро аз ҳамлаи ҳавоӣ дар Миноб нишон медиҳад. Рост: Мушаки Томагавк, ки дар аввали низоъ бар болои Теҳрон парвоз мекард.

Фишори сенаторони Амрико ба Пентагон

Рӯзи 9-уми март шаш сенатори калидии ҳизби демократ, аз ҷумла чеҳраҳои пурнуфузе чун Брайан Шатс, Патти Муррей, Ҷек Рид, Марк Уорнер, Ҷин Шаҳин ва Элизабет Уоррен, бо нашри як изҳороти муштарак Пентагонро зери фишор гузоштанд.

Дар изҳороти онҳо омадааст: “Куштори кӯдакони мактабхон таҳти ҳеҷ шароите қобили қабул нест ва фоҷиаи даҳшатнок мебошад. Вазир Ҳегсет вазифадор аст, ки тафтишоти дақиқ ва ҳамаҷониба анҷом диҳад, то мушаххас шавад, ки оё тасмимҳои сиёсии роҳбарият боиси ин фоҷиа гаштаанд ё на”.

Сенаторҳо махсусан аз “қоидаҳои даргирӣ” нигаронӣ карданд. Сабаби ин нигаронӣ изҳороти қаблии вазири мудофиа Пит Ҳегсет мебошад, ки бо лаҳни тунд гуфта буд, “дар амалиётҳо алайҳи Эрон бояд бидуни маҳдудият ва бо истифода аз ҳадди аксари нерӯ ва силоҳ амал кард”.

Ҳегсет қоидаҳои маъмулии ҷангиро, ки барои ҳифзи ғайринизомиён пешбинӣ шудаанд, “аблаҳона” хонда, ҷонибдори озодии комили низомиён дар лаҳзаи ҳамла буд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Тадқиқоти мустақил расонаҳо чиро ифшо кард?​​​​​​​

Чандин тафтиши мустақилона аз ҷониби расонаҳои Bellingcat, BBC Verify, CNN, NYT, CBC, NPR ва HRW ба натиҷаи ягона расидаанд: ҳамла ба мактаби Миноб аз ҷониби ИМА сурат гирифтааст.

Аҳамиятноктарин далел ин аст: хабаргузории эронии Меҳр навори ҳамла ба мактаби Минобро мунташир карда, даъво дошт, ки мушак марбут ба Амрико аст. Пасон BBC Verify ва дигар расонаҳо онро тадқиқ карда, собит сохтанд, ки мушаки “Томагавк” ба бинои мактаб зарба задааст. Ба хулосаи таҳқиқгарон, мушаки “Томагавк” силоҳи баҳрии дурбурдест, ки танҳо Амрико аз он истифода мекунад.

Расонаҳои амрикоӣ ҳам ҳамла ба мактаби Минобро тадқиқ кардаанд. Аз ҷумла, чанд коршиноси силоҳ барои “Вашингтон Пост” тасдиқ кардаанд, ки дар он ҳамла мушаки “Томагавк” корбурд шудааст. The New York Times ҳам рӯзи 11-уми март аз қавли мақомоти Амрико хабар дод, ки ҳамла ба мактаби Миноб кори нерӯҳои амрикоӣ буда, сабаби он иттилооти кӯҳнаи маконҳои зарбазанӣ аст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Бомбборону куштори чанд фармондеҳ поёни ҷанг нест ва Эрон омодаи ҷанги давомдор аст”.

Инчунин, Ҷефри Люис, мутахассиси маъруфи амнияти ҷаҳонӣ, мушаки эронӣ будани онро рад карда, гуфтааст, ки “мушаки ин навор ба ҳеч силоҳи шинохтаи Эрон мувофиқат намекунад”.

Reuters рӯзи 5 март аз ду афсари амрикоӣ, ки дар тафтиши дохилӣ иштирок доштанд, иқтибос оварда, навиштааст, ки “ба эҳтимоли хеле зиёд нерӯҳои Амрико масъул буданд”.

CBC хулоса кард, ки ҳадафи ҳамла зарба ба муҷтамаи низомии маҷовар буд, вале “мактаб ё дар натиҷаи хатои низомӣ, ё хатои ҷиддии иттилооте” ҳадаф қарор гирифт.

Маълумоти моҳвораӣ нишон медиҳад, ки то соли 2016 ин мавзеъ ба пойгоҳи низомии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ тааллуқ дошт, вале баъдтар аз он ҷудо шуд. Мактаб беш аз 10 сол буд, ки ҳамчун дабистони ғайринизомӣ фаъолият мекард ва ҳеч далеле аз истифодаи низомии он вуҷуд надошт.

 

Вокуниши Созмонҳои байналмилалӣ​​​​​​​

Дар пайи ҳамлаи маргбор ба мактаби Миноб, созмонҳои байналмилалӣ ва чеҳраҳои шинохтаи ҷаҳонӣ ин ҳодисаро маҳкум карда, хостори тафтишоти фаврӣ шуданд.

Аз ҷумла, ЮНЕСКО ҳамларо “нақзи ҷиддии қонунҳои башардӯстонаи байналмилалӣ” номида, таъкид кард, ки мактабҳо тибқи ҳуқуқи байналмилалӣ бояд макони комилан амн бошанд.

Антониу Гутерреш, дабири кулли СММ ҳам ҳамларо қатъан маҳкум кард.

Волкер Тюрк, комиссари олии Ҳуқуқи башар, талаб кард, ки тафтишоти “фаврӣ, беғаразона ва ҷомеъ” гузаронида шавад ва таъкид кард, “масъулияти тафтиш пеш аз ҳама бар дӯши нерӯҳоест, ки ин ҳамларо анҷом додаанд”.

Ҳайати иборат аз 18 коршиноси мустақили Кумитаи ҳуқуқи кӯдак аз ҳодиса изҳори нигаронии амиқ карда, гуфтанд, “ҳеҷ баҳонае барои куштани духтарон дар синфхона қобили қабул нест!”.

Дидбони ҳуқуқи башар ҳам пас аз баррасии 14 видео, аксҳо ва 40 тасвири моҳвораӣ ба хулосае омад, ки ҳамла бо “силоҳи дорои дақиқии баланд” сурат гирифтааст. Ин созмон таъкид кард, ки ҳодиса “хатои тасодуфии мушак нест” ва аз Амрикову Исроил хост, ки ба гуноҳи худ эътироф кунанд.

 

Акси садои фаъолони ҷомеа ва давлатҳо​​​​​​​

Малала Юсуфзай, барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел ва паёмрасони сулҳи СММ, бо изҳори андӯҳ дар шабакаи Х навишт: “Ин хабар диламро шикаст ва маро изтиробзада кард. Куштани ғайринизомиён, бахусус кӯдакон, хилофи виҷдон аст ва ман онро комилан маҳкум мекунам”.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Равина Шамдасонӣ, нотиқаи дафтари Комиссари олии ҳуқуқи башар, гуфт, “ин ҳамла хунинтарин ва харобкортарин ҳодисаи даврони охирин аст. Бояд пурсуков ва мустақил тафтиш шавад”.

Русия ва Чин ҳамла ба мактаби Минобро қатъиян маҳкум кардаанд. Русия онро “ваҳшиёна” ва “ғайриинсонӣ” хонда, ба ИМА ва Исроил нисбат додааст. Чин ҳам ҳамла ба кӯдаконро “қатъиян маҳкум” кардааст.

Аз кишварҳои аврупоӣ то ҳол танҳо Италия ҳамла ба мактаби Минобро ба таври равшан ва мустақим маҳкум кардааст. Сарвазири Италия Ҷорҷия Мелонӣ дар сенат гуфт, “қатли духтарони мактаби Миноб”-ро сахт маҳкум мекунад ва талаб кард, “гунаҳкорон ҳарчи зуд муайян шаванд”.

Дигар кишварҳои аврупоӣ то ҳанӯз мушаххас дар бораи ин фоҷеа ҳарфе назадаву изҳороте интишор накардаанд. Демократҳои сенати Амрико, тавре гуфта шуд, тафтишотро талаб карданд.

Дигар давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бораи ин ҳодиса мушаххас изҳороте надодаанд.

 

Расонаҳо чӣ гуна ин террорро инъикос карданд?​​​​​​​

Ин фоҷиа ҳоло дар сархати хабарҳои бонуфузтарин расонаҳои ҷаҳон, аз ҷумла NYT, Washington Post, BBC, CNN, Al Jazeera, Guardian, Reuters, CBC ва NPR қарор гирифтааст. Аммо аксари ин расонаҳо дар як ҳафтаи аввали баъди ин фоҷеа хомӯширо ихтиёр карда буданд. Вале акнун на танҳо хабар нашр карданд, балки даст ба таҳқиқоти мустақил низ заданд.

Бо вуҷуди ин, тарзи инъикоси мавзӯъ аз ҷониби расонашиносон ва коршиносон мавриди интиқод қарор гирифтааст. Аз ҷумла, Маризюш Завадзки, рӯзноманигори лаҳистонӣ аз нашрияи “Газета Виборча”, гуфтааст, ки дар ҳафтаи аввали пас аз ҳамла, расонаҳои ғарбӣ ин ҳодисаро тақрибан нодида гирифтанд ва ба он аҳамияти лозим зоҳир накарданд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Энни Шил, коршиноси Маркази ҳимояи ғайринизомиён дар муноқишаҳо (CIVIC) бошад, ба раванди маъмул дар сиёсати Амрико ишора кардааст: “Дар солҳои охир борҳо шоҳид будем, ки Вашингтон аввал даст доштани худро дар ҳамлаҳо инкор мекунад, вале баъдан таҳқиқоти мустақили расонаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳақиқати талхро ошкор месозад”. Ба гуфтаи ӯ, ин дафъа низ хатари он вуҷуд дорад, ки мақомот бо истифода аз фурсат ҳақиқатро пинҳон кунанд.

Ба қавли коршиносон, ҳарчанд расонаҳои байналмилалӣ дар ниҳоят ба таҳқиқи ҳодиса пардохтанд, аммо таъхир дар вокуниш ва эътимоди аз ҳад зиёд ба изҳороти расмии мақомоти амрикоӣ нишон медиҳад, ки фишори ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ошкор кардани воқеият нақши калидӣ дорад.

 

Рӯзноманигори тоҷикҳам нигарон аст…​​​​​​​

Мардони Муҳаммад, рӯзноманигори тоҷик, ки беш аз 20 сол дар бахши форсии ВВС дар Лондон фаъолият кардааст, рӯзи 5-уми март дар мусоҳиба бо рӯзноманигори “Азия-Плюс” на танҳо ин ҳамла, балки шеваи инъикоси ин фоҷиа дар расонаҳои ғарбиро шадидан интиқод кард.

 

МЕДИА (YOUTUBE)

Бояд зикр кард, ки ҳамла ба мактаб ва куштори кӯдакон дар Эрон аз сӯйи низомиёни Амрико дар ҷомеаи худи Амрико ҳам шадидан маҳкум мешавад ва ҷонибдорони таҳқиқи он ва муҷозоди омилони он рӯз аз рӯз бештар мешавад. Ҳоло Кунгураи Амрико ҳам ба ин қазия таваҷҷуҳ карда, аз забони чанд намояндаи мардумӣ, таҳқиқи ин ҳамла ва ироаи гузориши муфассал дар бораи онро аз вазири дифоъ талаб дорад. Натиҷаи ин таҳқиқ ва гузориши муфассал метавонад мақомдорони оғозкунандаи ҷанг дар Ховари Миёнаро жарфтар ба варта фурӯ барад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

spot_imgspot_img

Популярное